Рубрики
Асосӣ

Аз дасти ватанфурӯшон эмин нигоҳ доштани ватан қарзи муқаддаси ҳар яки мост

Рӯзҳое, ки фаромӯшнашаванда аст, ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Ин рӯзҳои сахте, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, асло дигар наояд. Аслан намехоҳам, ки ин хоини Ватан Муҳиддин Кабириро ба ном ба забонам гирам. Ин душмани халқи бегуноҳ модаронро бе писар, фарзандонро бе падар, занҳоро бе шавҳар кард. Ҳазорон кӯдакон аз падар ятим монданд. Садҳо мардуми бегуноҳро ба дигар мамлакатҳо гуреза кард. Мардуми бегуноҳро аз зиндагии орому осуда маҳрум кард. Ашки чашмони модаронро резонд. Тоҷикистони орому осударо ба як кишвари ҷангзада табдил дод. Ҳазорҳо шаҳру деҳаро валангор кард. Мардуми бегуноҳ дар Ватани худ-Тоҷикистон тинҷу ором гашту гузор карда наметавонист.

Шахси бомаърифат ба сухани ин душмани миллат бовар накунад. Зиндагии орому осудаи худро ноором нагардонад. Ин хоини Ватан аз мамлакатҳои хориҷ ба сари миллати тоҷик санг зада истодааст. Кабирӣ мардуми бегуноҳи тоҷикро бо фиребу найрангҳояш ваҳшиёна ба қатл расонид. Ин наворҳоро то ҳол ба мардум нишон дода истодаанд. Мардуми аламдида ба сухани ин ватанфурӯш бовар намекунанд, лаънат мехонанд ба ин хел шахс. Чандин гурезаҳо дар мулки Афғонистон ҷон доданд. Модарони бегуноҳ дар он ҷо фарзандони худро аз даст доданд, то ҳол мардуми аламдида, дар ғами фарзандони ғарибмурдаашон ҳастанд. Бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба хонаҳои худ ба Тоҷикистони азиз баргардонида шуданд. Модаре, ки фарзандашро, кӯдаке, ки падарашро, зане, ки шавҳарашро дар ин ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти Муҳиддин Кабирӣ гум кардааст, то ҳол фаромӯш накардааст ва намекунад. Мо ватандорон фахр мекунем, ки чунин Пешво дорем, зеро оромиву осудагӣ ба масъулияти ҳар як сокини ватандор вобастагӣ дорад. Агар Ватан орому осуда бошад, сулҳу субот, нозу неъмат фаровон гардад, меҳру муҳаббати мардум бо якдигар зиёд мегардад.

Агар нисбати Муҳиддин Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун хоини Ватан, соҳибкоре ки барои ишқи пулу мол рафта, дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурӯхтааст. Муҳиддин барин шахсиятхо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки Муҳиддин Кабирӣ дар фироқи Ватанасту ҳаммаслакони ӯ, ки айни ҳол намаки маҳбусиро мечашанд. Онҳо мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии хориҷӣ мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандози намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Аммо, ҳушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторҳои қудративу низомӣ боиси пешгирии ин кирдори нангин гаштааст.

Натиҷаҳои нохалафиву ватанфӯшии Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем ва ватанро ба дасти нерӯҳои бадкор биспорем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем.

Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост ва аз ҷониби дигар фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар гардидааст. Аз ин рӯ, моро ин муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем,  ҳаргиз нагузорем, ки ба фазои осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба мардуми шарифи он, ба арзишҳои миллии мо газанде бирасад. Пос доштани Ватан, онро аз дасти ватанфурӯшон эмин нигоҳ доштан қарзи муқаддаси ҳар яки мост.

Ин душмани миллат қариб буд, ки Ватани мо Тоҷикистонро пароканда кунад. Одами бад ба муроду мақсад намерасад ё ин ки гуфтаанд: “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Дар ҳақиқат хизматҳои арзандаи ин марди бузургсолор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо дар Ватани биҳиштосои худ оромона кор ва фаъолият бо фарзандон зиндагӣ карда истодаем.

      Сарвари мо пуштибони миллат аст,

      Офтоби осмони давлат аст.

Нест бод, Кабирӣ! Ба суханони ин душмани халқ, хоини Ватан асло бовар намекунем. Мардум ба суханони пучи ин бешараф, ватанфурӯш, хиёнаткор бовар накунанд.

Ватани тинҷу ором ба ҳар як фарди мусулмони Худотарс азизу мӯътабар аст ба мисли модар. Ин меҳани худро бояд дӯст дорем, мо сокинони Ватане, ки сол то сол симои худро дигар карда истодааст, бифахрем ва аз Пешвои худ ифтихор намоем. Ба қадри сарвари давлат бояд расид. Мо сокинони кишвар ҳамеша даст ба дуо мекунем, ки Сарвари хирадмарди миллат ҳамеша саломат бошанд ва офтоби чеҳраи хандонашон рӯи минбарҳои олам равшанӣ бахшад.

Хоҷаназарова Шаҳзода – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *