Рубрики
Uncategorized

АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ШОДУ МАСРУРЕМ

АРЗИ СИПОС  Фарзанди фарзонаи миллат -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодиёти кишвар, пойдор намудани сулҳу Ваҳдат, бунёди давлати миллӣ, барқарор намудани амнияти кишвар, хизматҳои шоёнеро ба анҷом расонидаанд.

Сарвари давлат, ҳамчун роҳбари дилсӯзу ғамхор дар бунёди боғу токзор, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурию иҷтимоӣ ва хизматрасониҳо баҳри таъмини истиқлолияти энергетикӣ, бунёди нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ барои раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, бунёди шоҳроҳҳои байналмиллию дохилӣ ва нақбҳои азим, сохта ба истифода додани корхонаҳои калони истеҳсолӣ нақши муассир доранд.

Инчунин, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, Хуҷанд, Мастчоҳ, Зафаробод ва дигар шаҳру ноҳияҳои муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуда, Парчами кишвар дар пойтахт ба баландии 165 метр қомат афрохт, ки боиси ифтихори ҳар яки Тоиҷку Тоҷикистонӣ аст. Маҳз тавассути заҳматҳои ин марди хирад, ҷомеаи ҷаҳонӣ – Тоҷикистонро ҳамчун давлати дорои таърих ва тамаддуни куҳан, шинохт ва эътироф намуд. Ин аст, ки Пешвои миллатамонро на танҳо дар кишвар, балки дар миқёси ҷаҳон ҳамчун Сарвари дилсӯзу ғамхор, сиёсатмадори хирадманд, эътироф намудаанд.

26-декабри соли 2019 Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ чунин ибрози назар намуданд: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Мо ки будани аҷдоди гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне аз ориётабор будани худ ифтихор кунем”. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки “бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тофикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат, ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа намояд”. Ва имрӯзҳо китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп шуда, ба минтақаҳои ҷумҳурӣ фиристода шуда истодаст. Аз он ҷумла ба ноҳияи Айнӣ низ китоби мазкур ворид гардид. Мо, мардуми шарафманди ноҳияи Айнӣ аз ин иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат шоду масрур гардида, аз ин сиёсати хирадмандона ва сулҳу суботи пойдор шукргузор ҳастем.

Ба Пешвои муаззами миллат, ки ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва ватандорию меҳанпарастиро дар худ таҷассум намудаанд, аз номи бонувони ноҳия, миннатдории самимӣ баён менамоем.

Фарзона НИЗОМОВА

Аъзои гурӯҳи тарғиботии

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *