Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНИ: Ба ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) чи тавр сироят меёбанд?

1-уми декабр рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) эълон гардидааст, дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи Айнӣ низ ҳамасола рӯзи 1-уми декабр ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) қайд карда мешавад.

Аз моҳи январи соли 2019 дар беморхонаи маркази ноҳия “Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ” ба фаъолият шурӯъ намуд. Чуноне, ки маълум аст,  “Барномаи милль оид ба муқовимати вируси норасоии масунияти одам” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02.2017 таҳти №89 ва мутобиқи 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014 таҳти №148 тасдиқ карда шудааст. Вобаста ба ин дар “Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ”-и ноҳия дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади иҷроиши барномаи мазкур нақша-чорабинӣ тартиб дода, фаъолияташро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст. Айни замон Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони гирифтори ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) табобати зиддиретровируӣ ва ҳама гуна намудҳои ташхису табобатро ройгон ба роҳ мондааст. Дар ноҳияи Айнӣ низ беморони гирифтори ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) ниқоҳшавандагон ва занҳои ҳомила тамоми намудҳои ташхис ва табобатро ройгон мегиранд.

Маълумот оид ба ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД).

Эпидемияи ВИЧ-СПИД-ро дар тамоми мамлакатҳои дунё ба қайд мегиранд. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14800 нафар сироятёфтагон бо вируси норасоии масунияти одам зиндагӣ мекунанд. Аз соли 1991 инҷониб, аз ҳисоби бемории ВНМО/БПНМ 4177 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтидаанд. Бемори, ки ҳамчун аломати норасогии масунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри 20 маълум аст.

Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттаҳидаи СММ оид ба мубориза алайҳи ВНМО ҳаррӯз дар ҷаҳон зиёда 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдошудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 74,9 млн нафар одамон аз вируси норасоии масунияти бадан (ВНМО) сироят ёфтаанд, ки аз онҳо зиёда 32 млн нафар ба ҳалокат дучор шудаанд.

ВНМО (ВИЧ) ва БПНМ (СПИД)-чист?  БПНМ (СПИД)-бемории пайдошудаи норасоии масунияти бемориест, ки онро вируси норасоии масунияти бадан ВНМО (ВИЧ) ба вуҷуд меорад. ВНМО-(вируси норасоии масунияти бадан) барангезандаи бамории БПНМ (СПИД) мебошад. Ҳангоми ба вуҷуди одам дохил гашдани вирус на ҳама вақт нишонаҳои он бемори дида мешавад, аммо он шахсон метавонанд дигаронро сироят кунанд.

ВИЧ бавосита ба ҳуҷайраҳои системаи худмуҳофизатии (иммунии) инсон зарар мерасонад. Вирус ҳуҷайраҳои системаи иммунии организмро хароб карда организмро аз қобилияти табии худмуҳофизат маҳрум месозад. Хуни инсон аз заррачаҳои сафедихун (лейкоситҳо) ва заррачаҳои сурхи хун (эритроситҳо) иборат мебошад. Лейкоситҳо ба системаи иммунӣ таалуқ дошта организми инсонро аз микроб ва вирусҳои касалиовар муҳофизат мекунанд. Вале вируси норасоии масунияти одам бевосита ба таркиби лейкоситҳо ва лимфоситҳо ворид гашта, онҳоро нобуд месозад. Барои ҳамин системаи худмуҳофизатии одам суст мегардад. Ҳарқадаре, ки вируси ВНМО лейкоситҳоро зиёд нобуд кунад ҳамон қадар системаи иммунии инсон хароб мегардад. Суст ва хароб гаштани иммунитети инсон боиси авҷ гирифтани ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда шуда метавонанд. Беморӣ ҳамчун аломати норасоии масунияти бадан муайян карда мешавад.  

Ба ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) чи тавр сироят меёбанд?

Ба ВНМО занҳо, мардҳо, кӯдакон гирифтор шуда метавонанд. Барои ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Одамоне, ки вируси ВНМО дучор шудаанд дар давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Вале шахси сироятёфта барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро ба дигарон сироят кунад. Аз сироятшавӣ то пайдошудани аломат ва нишонаҳои клиникӣ аз 1 то 10 сол гузаштанаш мумкин аст.

         Роҳҳои асосии сироятёби ба бемории  ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД):

  1. Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ. Ҳангоми алоқаӣ ҷинсӣ ба шахсоне, ки гирифтори вируси норасогии масунияти одам мебошанд. Бемории ВНМО аз мард ба зан, аз мард ба мард бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузашта метавонад.
  2. Бо роҳи тазриқӣ. Ҳангоми хунгузаронӣ бо воситаи хуне, ки дар таркибаш вируси ВНМО вуҷуд дорад. Ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои тамиз нашуда, бо ин роҳ бештар нашъамандон гирифтор мешаванд (онҳо бо як сӯзандору ба якчанд нафар шахсон моддаҳои нашъоварро мегузаронанд).
  3. Аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдак ҳангоми таваллуд ва ширмаконии кӯдаки навзод.
  4. Ҳангоми риоя накардани қоидаҳои ассептика ва антисептика дар ҳолати ҷарроҳӣ (дандонканӣ, исқоти ҳамл(аборт), нохунканӣ, ҷарроҳиҳои косметологӣ).

Бештар киҳо гирифтори ин бемори мегарданд?   

ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) бештар байни шахсони гурӯҳи хатар (занҳои танфурӯш, мардони ба алоқаи ҷинсии бетартибона машғул буда, нашъамандони тазриқӣ) бештар диди мешаванд.

Бо чунин роҳҳо намегузарад:

         Ба воситаи асбобҳои рӯзгор

         Бе воситаи нафаскашӣ, сулфидан

         Ба оғӯш гирифтан, бӯсидан

         Ҳангоми неш задани ҳашарот ё газидан

Ҳангоми бо гирифтори ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) дастфишурдан, ба    оғӯш гирифтан.

Аъзоёни фаъоли гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Кормандони марказӣ мубориза

бар зидди ВНМО/БПНМ-и ноҳияи Айнӣ:

Директори марказ:   Маликов Ҳусейн

Духтури марказ:        Раҳматов Абдуразоқ, Ғафуров Тамаддун

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *