Рубрики
Асосӣ

АЙНИ: КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “УРМЕТАН”

Дар доираи нақша-чорабиниҳои кумиҷроия дар Ташкилоти ибтидоии “Урметан” бо ибтикори омӯзгорону аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқоту чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстона  доир карда шуд. Нахуст, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар зери унвони “Ҳимояи Ватан – ҳимояи модар”  чорабинӣ доир гардид. Фаъолони ташкилот  иброз доштанд, ки “Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард.

Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.

Баъд аз чорабинии Ватандӯстона бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, фаъолони ташкилот ва омӯзгорон мулоқоти судманд доир гардид, ки дар он масъулини ташкилот атрофи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна равияҳои номатлуб, иҷрои Қонунҳои миллӣ дар амал, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози назар намуданд.

  Чунин чорабиниҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоии назди  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *