Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: КИТОБИ “ТОҶИКОН” ОИНАИ ТАЪРИХ

Китоби “ Тоҷикон “-и Бобоҷон Ғафуров аз ду ҷилд иборат буда, ҷилди якум аз муқаддима ва чор фасл ва ҷилди дувум фаслҳои панҷ ва шашро дар бар мегирад, ки дар бораи таърихи гузаштаи халқи тоҷик маълумот дода шудааст. Бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан, ба насли оянда аз имрӯзи меҳан сухан гуфтану роҳнамоӣ намуданд ғайриимкон аст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби “Тоҷикон”-и муаррих, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ буда, умри соҳиби китоб ва матлаби авроқи он ҷовидонӣ хоҳад буд.

Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Китоби “Тоҷикон” аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар он ҷой дода шудаанд, ба ибораи дигар бигӯем, ки ба ҳамагон аён аст, меҳнати якумраи Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб инъикос гардидааст .

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2019 қайд намуданд: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”.

Дар идомаи ироаи Паёмашон ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Ҳамзамон Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳои кишварро муваззаф намуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.

Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Хушбахтона, зери таваҷҷӯҳи махсуси Пешвои маърифатпарвари меҳан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила чоп гардида, то дурдасттарини рустоҳои кишвар дастрас гардида истодааст.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар ба ноҳияи Айнӣ 19200 нусха китоби “Тоҷикон” оварда шуд, ки чунин иқдоми неку хотирмон, бошандагони ноҳияро хушҳолу болидарӯҳ намуд, ки ҳар яке аз узви оила изҳори миннатдории хешро ба роҳбарияти Олии кишвар расониданд.

КИ ҲХДТ дар ноҳия кушиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и ноҳия бо василаи тақсимоти одилонаи китоб, дар баланд бардоштани сатщи маънавиёт, ба таърихи гузаштаи хеш рӯй овардани сокинон саҳми назарраси худро гузорад. Итмнони комил дорем, ки ҳар яки аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҷавоби ғамхории падаронаи Президенти кишвар ба илму маърифат ва омӯзиши таърихи гузаштаи худ мароқ зоҳир намуда, дар рушду ободии Тоҷикистон биҳиштосо саҳми боризи худро мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *