Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ:МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЗЕРОБОД”

Дар Ташкилоти ибтидоии “Зеробод”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо – роҳбари дастгоҳ Исматҷонов Бахтиёр –, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи вилоятӣ, Назирҷон Мирмуллоев раиси ташкилоти ибтидоии “Зеробод” Фирӯза Раззоқова, раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Рузибой Раҳимзода, кормандони кумиҷроияи ноҳиявӣ, аъзоён ва фаъолон ширкат варзиданд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии “Зеробод” Ф.Раззоқова маҷлисро кушода, лоиҳаи қарорро дар бораи интихоби ҳайати котибот хонда, баъд аз тасдиқ, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома доир ба фаъолияти ташкилот дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ба таври муфассал маълумот доданд. Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба сухан баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро мусбат арзёбӣ намуда, баҳри бартараф намудани корҳо дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, идомаи иқдоми “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман”, дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ, баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар ҷараёни суҳбат раиси КИВ доир ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва бахшида ба ҷашни 24- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросимҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, иҷрои бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ки барои зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, ибрози назар намуданд.

Баъд аз суханрониҳо аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Р.Раҳимзода ба сухан баромада, доир ба ҳамкории судманд ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҳизб аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Зеробод” маълумот дода, барои дубора интихоб намудани Раззоқова Фирӯза ба ҳайси раиси ташкилот, лоиҳаи қарорро ба овоз монд, ки дар натиҷа ҳама аъзоён ҷонибдорӣ намуда, барои идома ва тадбиқи босамари сиёсати созандаи ҲХДТ, бурдбориҳои назаррасро орзу намуданд.

Дар интиҳо аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи ноҳиявӣ ба якчанд аъзоёни фаъол Сипоснома супорида шуда, кормандони ҷавоне, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбиашон супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *