Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Артиши миллӣ-кафили амнияти Тоҷикистон

Дар доираи нақшаи тақвимии Кумитаи иҷроияи ноҳия, мудири Бахши кор бо ҷавонони КИ Алим Ҷураев бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №8-идеҳаи Зоосун доир ба мавзӯи “Артиши миллӣ-кафили амнияти Тоҷикистон” соати сиёсӣ доир намуд. Зимни суҳбат қайд гардид, ки дар шароити пур аз мушкилоту норасоии давр 23-юми феврали соли 1993 аввалин Паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқи Ватан бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз он ботантана гузаштанд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Ҳамзамон устодони муассиса, доири истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии онҳо аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин терроризму экстремизм ва баланд бардоштани сифати таълим ибрози ақида намуданд.

Баъд аз суханрониҳо, бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба варзиш байни созандагон бозии “Шоҳмот” ва “Дастхобонӣ” баргузор гардид, ки беҳтаринҳо муайян ва барои шомил шудан ба гурӯҳи “Созанда” пешбарӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *