Дар доираи нақша-чорабиниҳо, КИ ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии “Маориф” дар варзишгоҳи шаҳраки Зарафшон, чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстиро баргузор намуд. Зимни баргузории чорабинии ҳарбӣ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” барномаҳои таҳиянамудаи хешро, ки ҳимояи марзу бум ва хизмати Ватан-Модарро дар бар мегирифт ба маъарзӣ тамошо гузоштанд. Дар идомаи чорабинӣ масъулини ташкилоти ибтидои “Мориф” ва кумиҷроия доир ба мавзӯи “Артиши миллӣ –сипари боэътимоди Ватан” суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки амсоли афсарону сарбозони Артиши миллӣ, ки аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд, мардонагиро пешаи худ намуда, баҳри поянда нигоҳ доштани сулҳу субот дар меҳан нақши муассир гузорем.