Масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар идомаи иҷрои нақша-чорабинӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №18- и деҳаи Шурмашк вохӯрӣ намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи хонандагон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, гироми доштани арзишҳои миллӣ, даъвати ҷавонон ба ҳимояи марзу бум, аз худ намудани фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карданд.
Аз устодон даъват карда шуд, ки ҳамкориро бо волидайн ва фаъолони маҳал вусъати тоза бахшида, дар беҳтар намудани сифати таълим ва тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, масъулиятшинос бошанд. Ҳамчунин, онҳоро ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ доир ба сарфакона истифода бурдани нерӯи барқ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, расонидани ёрии моддиву маънавӣ ба ниёзмандону шахсиятҳои дорои маъюбитдошта, мароқ зоҳир намудан ба рушди варзиш даъват намуданд.