Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “АЛЛАИ МОДАР”

      Бо мақсади арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар-Ватан ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар санаи 20-уми феврали соли 2024 даври ноҳиявии озмуни “Аллаи Модар” баргузор шуд.

     Дар озмуни мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Боқизода Боқимуҳаммад, собиқадори меҳнат Саъдуллоева Гулчеҳра, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Холбеков Саидбек, мудири бахши кор бо занони МИҲД-и ноҳия Халифаева Сайёра, муҳаррири радиои маҳаллӣ Низомова Фарзона фаъолони ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок варзиданд.

     Занону ҷавондухтарон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштироки фаъолона варзида, малакаю маҳорати баланди худро нишон дода, сурудҳои алларо бо як меҳру муҳаббати хоса ва ҷолибу қобили таваҷҷуҳ хонданд.

     Дар фарҷом баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш шуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида шуда, дигар иштирокчиён низ бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *