Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Ба қалби Тоҷикистон ҷон ҳастӣ..

Салом! Эй Пешво, марди Худодод,

Бикардӣ аз сари нав кишвар обод.

Ҳама аҳсан, ҳама хонем таҳсин

Ба он фарзонамодар, ки туро зод.

Пайи ҳифзи Ватан аз хоб мондӣ,

Гаҳе аз дида ҷое ашк рондӣ.

Ба сад азму талошу заҳмати беш

Ватанро бар раҳи Ваҳдат расондӣ.

Худо хандид бар рӯят, амон бош,

Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош.

Магӯ зинҳор рӯзе, пир гаштам,

Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош.

Бале, Исмоили Сомон ту ҳастӣ,

Шукӯҳи бахти нурафшон ту ҳастӣ.

Муборак ҷашни Истиқлолу Ваҳдат,

Ба қалби Тоҷикистон ҷон ту ҳастӣ.

Бо чунин мисраҳои пурғановат, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони КИН дар радиои маҳаллӣ доир ба мавзӯи “Ба қалби Тоҷикистон ҷон ҳастӣ” баромад намуданд.

Зимни баромад дар барномаи радиоӣ қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст.

Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навкад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти вай ошнои доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи сиëсӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.

Дар идомаи баромад доир ба иқдомҳои шоистаи Президенти кишвар суханронӣ намуда, аз шунавандагон даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри заҳамоти сарвари миллат расида, дар пойдории Истиқлоли меҳан нақшгузор бошанд.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷрия бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *