Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Ватан хонаи умеди мост

Дар Ташкилоти ибтидоии “Шаватки Боло”-и назди кумиҷроияи ноҳия мизи мудаввар доир ба мавзӯи “Ватан-хонаи умеди мост” баргузор гардид, ки дар кори он аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолони ташкилот ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот, раиси ташкилот Холбеков Саидбек доир ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муасаллаҳи кишвар, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна равияҳои номатлуб, иҷрои Қонунҳои миллӣ дар амал, ташаббус дар корҳои хайр ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози назар карданд.

Баъд аз баррасии масъалаҳо ба иштирокчиёни вохӯрӣ варақаҳои тарғиботӣ, ки ташаббусҳои раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯй менамуд, тақсим карда шуд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ фароғатӣ, варзишӣ-адабӣ, хонишҳои сиёсӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ тибқи нақша-чорабинии Т.И. “Шаватки боло” бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *