Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Ватан хонаи умеди мост

Тибқи нақша-чорабиниҳои кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, масъулини КИН бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №9-и деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқот доир ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, таърихи таъсисёбии Артишӣ миллӣ, баланд бардоштани сифати таълим, пешгирии паҳншавии  ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон, дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои “Илм-фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фуруғи субҳи донӣ китоб аст”, олимпиадаву озмунҳои гуногун, баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон, тарғиби арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик, мубориза бо зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба давлату миллат ва иҷрои қонунҳои миллӣ дар амал ибрози назар карда шуд.

Устодон дар ҷараёни мулоқот баён доштанд, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнапарастӣ ва беҳтар намудани сифати таълим ва дарёфти истеъдодҳои нав корбароиро ҷоннок намуда, баҳри ояндаи дурахшони миллати соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *