Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: ДАВРИ МИНТАҚАМИИ “ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни “Фуруғи субҳи донӣ китоб аст” рушди ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, пайвасти хонандагон ба илм ва истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба мутолиаи китоб, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав, дар маҷлисгоҳи МТМУ №19 бо иштироки хонандагони муассисаи таълимии №19-и деҳаи Сангистон ва №8- и деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ, озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.

Дар озмун масъулони кумиҷроия, роҳбарияти муассиса, волидон ва устодони муассасаҳои таълимӣ иштирок намуда, оид ба аҳамиятиозмуни мазкур дар рушди маънавиёти инсон суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки эълон шудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” боис гашт, ки мардуми тоҷик, хоса толибилмон ба китобу китобхонӣ руй оваранд.

Боиси зикр аст, ки озмуни мазкур бо иштироки якчанд нафар хонандагони фаъол, аъзоёни хурди эҷодии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия баргузор гашт, ки аз он беҳтаринҳо ба даври минтақавӣ роҳхат меёбанд. Умед аст, ки ғолибон ба даври ноҳивию ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша, озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ташкил ва гузаронида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *