Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “МО БО ШУМОЕМ”

Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ дар асоси фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 05.04.2021, таҳти рақами №24 ва барқияи воридотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13.04.2021 таҳти рақами №38, даври ноҳиявии озмуни “Мо бо Шумоем” дар байни кӯдакон ва наврасони аз 6 сола то 18 сола баргузор гардид, ки дар он 16 – нафар кӯдакону наврасон аз ҳама ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат намуданд.

Дар оғози озмун муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода баромад намуда, изҳори миннатдории хешро ба устодон, падару модарони наврасон баён дошта, ба иштирокчиёни озмун барору комёбиҳои беназирро таманно намуданд. Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27.01.2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, масъулонро вазифадор намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбони синни кӯдакӣ ба андозаи 20 фоиз, нафақаи кӯдакони маъюби то 18 сола ба андозаи 20 фоиз, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Баъд аз суханронӣ ровии озмун Гулзода Шералӣ барномаро кушода, атрофи муҳтавои озмун маълумот дода, ҳайати ҳакамонро, ки аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳангу маориф ҷалб гардиданд ба иштирокчиён муарифӣ намуд. Сипас, кӯдакону наврасони осебпазири ҷомеа аз рӯи номгӯи қироати шеър, сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқӣ баромад намуданд, ки дар натиҷа дар даври озмуни ноҳиявӣ, хонандаи синфи 3-и МТМУ №12 -и деҳаи Искодар Мирзоева Оимнисо аз рӯи номгӯи аз ёд ва қироати шеър, хонандаи синфи 5-и МТМУ №5-и деҳаи Вешканд Ҳусейнова Нушина, хонандаи синфи 10-и МТМУ №28-и деҳаи Махшевад Самадова Латифа аз рӯи навохтани асбобҳои мусиқӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар интиҳо ғолибон ва ҳамаи иштирокчиёни озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои пулии таъсисдодаи КИ ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардида, ҳамзамон ҷиҳати болидарӯҳии ҷавонон, туҳфаҳои марди саховатманд, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ Сафаров Икром ба ҳамаи иштирокчиёни озмун тақдим карда шуд. Дар лаҳзаҳои шодмонии ҷавонон сарояндагони хушсалиқаи Бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишин таъби иштирокчиёнро болида сохтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *