Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Дар ҷаҳон Модар, маро монанди ту ғамхор нест

МАҚОЛА: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як таманниёти хеш бахшида ба Рӯзи модарон иброз намуданд, ки “Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд”.

Яъне Модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзӯи хушбахтии фарзандаш аст. Модар то вақте, ки дар қайди ҳаёт аст, фарзанд барояш мисли ҳамон тифлаки азизу ширини дирӯза аст: ӯро навозишу эҳтиёт мекунад ва ҳаргиз намехоҳад, ки доғи фарзандашро бинад. Ба ибораи дигар, Модар фарзанди худро бо тамоми вуҷудаш дӯст медорад, зеро фарзанд маънои ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад. Боиси тазаккур аст, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадру манзаллати Зан-Модар эътибори хоса зоҳир гардида, дар баробари мардон баланд бардоштани ҳуқуқи занон, аз байн бурдани хушунати оилавӣ ва дигар масоили рӯзгору ҷамъиятиву давлатӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини марбута дастур доданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021- 2025 таҳия ва амалӣ намоянд. Тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занону бонувон дар рушди иқтисодии кишвар, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занону бонувони соҳибкор аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалӣ шуда истодаанд.

Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст. Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад. Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд.

Зан-Модар нурафшони хона, шодию сурури кӯдакон, кадбонуи хонадон, сарчашмаи меҳру вафост.

Ба таъби шоири ширинкалом Улмас Ҷамол:

Дар ҷаҳон, модар, маро монанди ту ғамхор нест,

Меҳрубон, мӯнис, ҳабиб, дилбанду дилбардор нест.

Ҳамчу нури дидаву чун шаҳди гул пинҳон будам,

Сурати инсонӣ додӣ, заррае асрор нест.

Даст пеши бар ба пои ту ҳамеорам суҷуд,

Кас чу ман бар хизматат дар ҳар нафас тайёр нест.

Беқиёсӣ, модарам, дар байни модарҳои даҳр,

Гирди ман парвонаӣ, як заррае озор нест.

Сӯзу созат аз ғаму аз шодмонихои ман,

Ҷуз нишотам доруе бар дарди ту даркор нест.

Ҳарфи ту қаймоқи ҳар як сӯҳбату ҳангома аст

Чун каломат шахдрезу рӯхнавоз ашъор нест.

Гар бигӯям меҳрат оташ, сӯзад аз ин гап забон,

Меҳри ту худ офтобе, ки ба ташбеҳ зор нест.

Бузургон, рисолати муқаддаси зан-модарро бо унвонҳои мураббӣ, тарбиятгари ҷомеа ва оила маънидод намуда, баъд аз парвардигор модарро офарандаи ҳаёт унвон додаанд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки модарони тоҷик аз неъматҳои истиқлолияти давлати азизамон баҳравар гардида, дар гул-гулшукуфоии меҳан бо нигоҳи нек нигариста, дар баробари мардон дар ободии он нақши назаррас мегузоранд.

Бонувони саодатманду боматонати ноҳияи Айнӣ, хоса аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 40% аъзоёни Ҳизбро дар бар мегиранд, дар рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу иқтисод адои вазифа намуда, чун Пайрави асили Пешвои миллат дар некӯаҳволии халқ саҳми бориз гузошта истодаанд. Аз он ҷумла, модарони заҳматқарину мушфиқу ғамхору устувор дар ҷодаи фаъолият – Мавҷуда Валиевна Бобоева, Зокирзода Гулсара, Насриддинова Муҳаррама, Шоира Бобоева, Муҳиддинова Бибисаид, Узбакой Каримова, Ҳоҷимо Давронова, Раззоқова Фирӯза, Ибодова Зулфия, Туйғунова Туҳфа, Ҷумаева Муборак, Шокирзода Меҳринисо, Сайёрахон Халифаева, Муродова Қундузой, Бадалова Латифа, Холиқова Турсуной, мутахассисони ҷавон Таҳмина Назарова, Зокирова Нигора, Хоҷаева Парвина ва дигар фаъолзанон дар баробари бори гарони зиндагӣ, дар амалисозии иқдомҳои бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар меҳнати софдилона намуда, чандин мутахассисони ҷавонро дар роҳи Ватандориву гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ тарбия карда истодаанд, ки бо василаи кордониву қобилияти баланди ташкилочигӣ, меҳрубониву самимият ва ҳунармандиву маърифати баланди худ маҳбуби дилҳо мебошанд.

Дар бораи зан-модари тоҷик қаламу матлаб кифоягӣ нахоҳад кард. Як шаба ранҷе ки модарон барои фарзанд мекашанд, дар ду ҷаҳон натавон баркашид. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли аъзоён, модарони ғамхорро бахшида ба фарорасии баҳори нексиришт ва “Рӯзи Модар” табрику шодбош намуда, хотири ҷамъу рӯзгори босаодатро барояшон таманно менамоям.

Раиси КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Айнӣ

Рузибой Раҳимзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *