Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Дурангиро дар ин раҳ нест ранге…

Мақола: Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳон, муноқишаҳои пайвастаи гурӯҳҳои манфиатҷӯй бо дастуроти пешбинигардида, барои аз байн бурдани суботи сиёсӣ ва ҷорӣ кардани ҳадафҳои нопокашон, пушти пардаҳои пӯшида корбарӣ намуда истодаанд. Ҳар яки мо мушоҳида намуда истодаем, ки новобаста аз таҳдиди хатар ба инсоният гурӯҳҳои ҷудогона манфиатҳои ғаразноки худро аз амнияту суботи инсоният болотар мегузоранд. Аз вазъ суистифода карда, ба воситаи расонаҳои гуногун мардумро ба таҳлука меандозанд. Дар баробари ин, муаммои дигари ҷомеа, ин шабакаҳои иҷтимоии интернет мебошад, ки аз беназоратиии масъулони асосгузорони барномаҳои google.com, youtube.com, yandex.ru, facebook, instagram., ok.ru, telegram, shazam, viber., imo, vk.com, opera ва дигар шабакаҳо таҳдиду буҳтонҳо, қатлу куштор, беҳраҳмӣ, ахборотҳои сенсатсиноӣ доман паҳн намуда истодаанд, ки чунин раванд зиндагии зебои инсониятро коста гардонида, нигоҳи онро ба муваффақияту пешравӣ, муҳаббату ғамхорӣ, ҳамдиливу ҳаммаромӣ ва гироми доштани арзишҳои инсоният коста гардонида истодааст.

Қайд бояд намуд, ки ахборотҳои бардуруғ ва намоиши қатлу куштор дар шабакаҳои интернетӣ муҳаббати инсониятро дар зиндагӣ сард гардонид. Чунин омил боис гардид, ки муноқишаҳои лафзиву маҳаллӣ, низои дохилӣ дар кишварҳои Осиё, хоса давлати ҳамсоякишвар Авғонистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо сар занад. Худ бо чашми сар дида истодаем, ки шарҳрвандони кишварҳои ҷанги дохилидошта, тарки Ватан намуда, дар сарҳадҳову хиёбонҳо ҷон бохта истодаанд. Дар ин ҷараёнҳои риққатоварди дунёд, нотавонбинони “Паймони миллӣ” ва думравони онҳо хориҷ аз кишвар, суистифода карда, барои амали намудани ҳадафҳои ғаразноки худ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои зиёд кардани тарафдорону пайравони хеш кӯшиш меварзанд.

Инсонро андешае водор месозад, ки агар онҳо ба маънои имон, идрок, сулҳ, субот, ҷаҳд ва зиндагии босаодати инсониятро дарк менамуданд, аз амал ва ақидаҳои иртиҷоии худ даст мекашиданду пайи беҳтар намудани рӯзгори неки мардуми хеш мешуданд.

Ҳусайнӣ дар як манзумаи хеш фармуда:

Нагунҷад санъату вазну ғавофе.

Дурангиро дар ин раҳ нест ранге.

Аммо, боиси таасуф аст, ки манфиат ва дастуроти хоҷагони хориҷӣ аз фазои беғубори миллат барояшон болотар будааст. Бадгӯён, ки дар ибтидо аз неъмати миллат баҳравар буданд, бо гузашти давр ба назару амали бегонагон дода шуда, самташонро тағйир дода, пайи озору маломати наздикону пайвандон шуданд ва барҳақ дуруяву дуранга, ҷонибдори амалҳои террористиро дар ягон гушаи дунё раҳ нест ва оқибати ба чоҳ афтодан аст. Ба таъбири Пешвои миллат, “террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад”. Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Боиси нигаронӣ аст, ки айби худро надидану аз дигарон камбудӣ ҷустан камоли нодонист. Қадрношиносон, як камбудӣ ё норасоии ночизро дида метавонанд, вале ҳазорон пешравию муваффақиятро нодида мегиранд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯз мардуми мо, хоса ҷавонони саодатманди Тоҷикистони шукуфон аз ин шеваю усул кайҳо боз бохабаранд ва бо акси садову вокуниши худ ба бадхоҳони давлату миллат ҷавоби сазовор медиҳанд. Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланду ваҳдатофари тоҷик, хоса аъзоёни ҲХДТ дар фазои осоиштагӣ умр ба сар бурда, дар рушди минбаъдаи кишвари азизамон ва ба хотири наслҳои оянда аз тамоми имкониятҳо истифода карда, дар баланд бардоштанги донишу хирад, меҳанпарастӣ ва поянда нигоҳ доштани Истиқлолияти кишвар нақши муассир мегузоранд. Инчунин, эътимод, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ахлоқи ҳамидаи инсоният, иқдомҳои башардӯстона ва сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишварро миёни ҷомеа тавсеа мебахшанд.

С.ҚОБИЛОВ

Мудири Шуъбаи иттилоот

ва таблиғоти КИН

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *