Рубрики
Uncategorized

Айнӣ: Идомаи корҳои тарғиботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

Тибқи нақшаи тақвимии кумиҷроияи ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Фондарё вохӯрӣ доир намуда, доир ба иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам ибрози назар намуда, аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои қонунҳо ва мавзӯъҳои матраҳгардида, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки  дар идомаи чорабиниҳо масъулони кумиҷроия бо устодон ва аъзоёни  ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №32-и деҳаи Кӯҳруди Ҷамоати деҳоти Айнӣ вохӯрӣ доир намуда, оиди таърихи Наврӯзи аҷам, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ,  маълумоти муфассал доданд.

Баъд аз мулоқот, баҳри дар сатҳи баланд истиқбол намудани Наврӯзи аҷам ва дарёфти толибилмони болаёқат дар байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” бозиҳои “Шоҳмот”, “Шашка”, “Кашидани вазн” ва дигар чорабиниҳо баргузор карда шуданд, ки беҳтаринҳо барои шомил шудан ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан”  пешбарӣ карда шуданд.

 Аъзоёни ҳизб ва созандагон бовар кунониданд, ки дар баргузории чорабиниҳо бахшида ба Наврӯзи байналмилал дар рустоҳо чораҳои судмандро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *