Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Истиқлолияти комил – ҷавҳари ноёби миллӣ!

Истиқлолият волотарин ва гаронарзиштарин дастоварди ҳар миллату давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз арзи ҳастӣ намудани истиқлолият ба мо имконпазир гашт, ки 31 соли соҳибистиқлолии кишварро бо Пешвои сулҳовару Роҳбари Оқилу доно ва ғамхору маҳбуби миллат дар якҷоягӣ бо мардуми меҳнатдусту мушкилнописанди кишвари азизамон паси сар намоем. Аз ба даст овардани ин Иди фархундаи миллат 31 сол сипарӣ гашта истодааст.
Бо шарофату назофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми мардуми азиятдидаи солҳои ҷанги шаҳрванди умед ба ояндаи дурахшони кишварро менамуданд, неъмати Офаридгор ба мо расид ва бо кушишу ғайрат, матонату ҷасорат ва ҷонбозиҳои Абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сулҳу амонӣ дар кишвари аҷдодии мо тоҷикон пойдор гашт ва нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеии мо қомат афрохт.
Кишвари тозаистиқлоли моро, ки ҳануз дар ҳоли оғози марҳилаи давлатсозии мустақил қарор дошт, бо дасти душманони миллатфуруш ва хоинони ниёз ба хоҷагони хориҷӣ дошта ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ фаро гирфт. Ин ҷанги хонумонсуз давоми 5-6 соли арзи ҳастӣ намудан тавонист ки ҳаммаи вазорату идораҳои дахлдор ва тамоми шохаҳои ҳокимиятро фалаҷ кунад ва ба сари модари тоҷик рузи сиёҳу фаромушнашуданиеро ба бор оварад.
Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро бо оғоз гардидани ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуд, ки ин ҷанги нопадид аз ҷониби хоинон ва хоҷагони Ташкилоти Террористию Экстремистии Ҳизби наҳзати Ислом (ТТЭ ҲНИ) роҳандозӣ гардида, зиёда аз 1 милион нафар ҳамватанони мо бо сабабҳои ҷанги таҳмилӣ дар дигар кишварҳои дигар паноҳ бурданд. Ин ҷанги нопадидгашта боиси марги 150 000 шаҳрвандони бегуноҳ гардид, ҳамчунин даҳҳо ҳазор модар бе фарзанду даҳҳо ҳазор фарзандон бе падару модар ва даҳҳо ҳазор занон бе шавҳар монданд. Дар ин айём зиёда 30 000 хонаҳои истиқоматию даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳову дабистонҳо, даҳҳо заводу фабрикаҳо ва дигар корхонаҳои муҳими давлатӣ ба коми оташ фуру рафтанд. Маҳз ҷанги таҳмилии кишварамон буд, ки то ба ҳол дар ақсои олам зиёда аз 50 милион тоҷикон зисту зиндагонӣ намуда истодаанд. Ин ҷанги бародаркуш боис гашт, ки иқтисодиёти кишвар фалаҷ гашта зиёда аз 10 миллиард  хисорот ба буҷаи давлат оварад ва маҷмуи маҳсулоти дохилаи кишвар  аз соли 1992 то соли 1996 3-4 маротиба коҳиш ёфт.
Он замон бо баҳонаи ҷанги шаҳрвандӣ душманони миллати тоҷик мехостанд Тоҷикистони як порчаро  аз байн бубаранд. Шукрона аз Пешвои ҷасуру некбину истиқлоловарро бояд намуд, зеро бо ба сари қудрат омадани роҳбари давлат ки он замон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуданд ва баъдан соли 1994 ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таин гашта буданд , дар он замони пуртаззоди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тавонисстанд, ки бо нерӯҳои мухолифин 8 даври музокироти Сулҳи Тоҷиконро дар дигар давлатҳо баргузор намоянд. Ниҳоят санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруҳои мухолифин ба имзо расид ва аз он лаҳзаҳои хотирмон то ба имруз дар кишвари ободу зебоямон Тоҷикистон дар қатори дигар иду ҷашнвораҳои милли Рузи Ваҳдати миллиро низ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.
Қайд намудан ба маврид аст, ки баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ, зеркомисияҳои оштии миллӣ корро оғоз карда бошанд, ҳам дастаҳои гуногуни мухолифин бо ҳар гуна баҳонаву нофаҳмиҳо душвориҳои гуногунро пешорӯи кори зеркомиссияҳо мегузоштанд, ки ниҳоятан бо дахолати Сарвари давлат муаммоҳои ҷойдошта ҳаллу фасл карда мешуд. Яъне анқариб то соли 2000-ум кишвари мо ба кашмакишоҳои дохила ва роҳбарияти давлат ба ҳалли масъалаҳои ҳамоҳангсозии мухолифин равона буданд. Баъзе аз ношукрон на ин, ки дар пешбурди давлатсозии навин ва мустақили тоҷик кумак намекарданд, ҳатто монеъа эҷод менамуданд, ки таърих аз ин “ҷавонмардӣ”-и онон гувоҳ аст.
Баъди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ- Президенти мамлакатро зарур омад то ки фирориёнро ба Ватани аҷдодияшон баргардонанд. Зеро баъди ба имо расидани Созишномаи умумии итиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути радиову дитгар васоити мубрам ба муҳоҷирони фирорӣ чунин ибрози ақида намуданд:
“ Ҳамватанони азиз шукри сулҳу амонии давлат, ки дар Ватани мо Сулҳу субот пойдор гашт! –Ба ватани аҷдодии худ баргардед. Як бурида ноне, ки дорем бо ҳам мехурем- як катра обе, ки дорем бо ҳам менушем….баргардед ба Ватани худ ҳамватанони азиз”.
Баробари ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ 600 000 гурезагони тоҷик аз хоки  Афғонистон ба Ватан бар гаштанд.
Кишвари тозаистиқлоли мо оҳиста – оҳиста рӯ ба таррақӣ ниҳод. Пас аз нисбатан орому осуда гардидани кишвар аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, Пешвои сулҳовари миллат баҳри пешрафти ҳаммаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва бо ҳам пайванд кардани минтақаҳои Суғду Хатлону Бадахшон бо пойтахти мамлакат ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бунёди нақбҳои аҳамияти муҳимдошта ва шоҳроҳҳои байналмиллалии замонавиро оғоз намуданд.
Пешвои маҳбуби миллат дар ибтидои роҳсозию нақбканӣ Пойтахти мамлакатро бо чор қитъаи Тоҷикистон пайваст намуданд. Сохтмони “Роҳи бузурги абрешим”, “ Роҳҳои мошингарди Душанбе- Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе- Хоруғ-Мурғоб, Дунанбе-Рашт-Саритош, Душанбе –Қулма-Қароқурум” дар умум зиёда аз 2200 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмиллалӣ дошта сахта ба истифода додашуда, бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Шар-шар” ва нақби “Чормағзак” ба роҳ монда шуд, ки сокинони кишвар аз азияти ағбаҳои дуру хавфу хатардор растанд.
  Бунёд намудани роҳҳои оҳани замонавие, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсояву Федератсияи Руссия мепайвандад дар умум 220 километр роҳи оҳан сохта мавриди истифода қарор гирифт, ки дар маҷмуъ иҷрои ҳадафи стратегии кишвар – баромадан аз бумбасти комуникатсиониро фароҳам овард.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии мақому манзалати хосаи кишвар дар арсаи байналмилал ва инкишофи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сиёсати сулҳҷуёнаи “Дарҳои кушод”-ро бо дигар кишварҳои олам  ба роҳ монда, ба ҳайси шарикии боэътимод  дар ҷомеаи ҷаҳон мақому манзалати хоса касб намуд. Имруз ҷомеаи ҷаҳон кишвари моро ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар  ҳаллу фасли як қатор проблемаҳои глобалӣ аз ҷумлаи масоили ҳалталаби норасоии об, масоили мубрами амниятӣ, дар соҳаи энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ҳамчун кишвари пешқадам мешиносанд.
Хизматҳои Пешвои миллат раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рузи ба сари ҳокимият омадан басо назаррас буда, барои ҳаллу фасли проблемаҳои глобалӣ ташаббусҳои оқилонаи худро ба ҷаҳониён барои беҳбудии зиндагиашон равона намудаанд, азҷумла:
-“Соли 2003-соли байналмиллалии оби тоза”:
-“Соли 2013-соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”:
-Соли 2005-2015 Даҳсолаи байналмиллалии амалиёт «Об барои ҳаёт»:
-Соли 2018-2028- Даҳсолаи байналмиллалии амал  «Об бари рушди устувор» мебошанд, ки ин ҳама аз ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷик, Президенти маҳбуби хонадони ҳар як тоҷику Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарчашма мегирад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ин давлатсозӣ ва далатдории муосири миллӣ ба ҳисоб меравад, ки мазмуну муҳтавои шаклгирии давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро мемонад. Дастовардҳои даврони истиқлолият дар ин давра дар ҳаммаи соҳаҳои муталифи кишвар хуб ба чашм мерасанд, зеро дар самти иқтисодиёти мамлакат  дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии иқтисодиёту моликият, ба тасвиб расидани пули миллӣ, такмилдиҳии низоми идораҳои давлатӣ, таҷдиди сохторҳои соҳаи иқтисод вобаста ба истифодабарии имконоти истеҳсоливу хизматрасонӣ, устувор намудани низоми молия ва соҳаи бонкдорӣ, ривоҷ додани соҳаи соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таъмин карда шуд. Талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки тайи солҳои 1997 – 2021 суръати рушди иқтисодиёти  кишвар дар ҳоли болоравӣ қарор гирифта, маҷмуи маҳсулоти дохилаи кишвар зиёда аз панҷ баробар афзоиш ёбад.
Ба ин мазмун дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 2500 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта ба истифода дода шуд. Рушди саноат яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ таъминкунандаи табақаи ниёзманди аҳолии мамлакат бо шуғли доимӣ ва сарчашмаи муҳими буҷети давлат ба ҳисоб меравад. Ҳоло истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса ба солҳои 1997  даҳҳо маротиба афзоиш ёфта, соҳаҳои саноати сабук, металургия, хурокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, саноати сабук , саноати масолеҳи сохтмон, саноати кимиё ва ғайра ба пешравиҳои назаррас ноил гадидааст.
Бо мақсади расидан ба афзалиятҳои миллӣ тавассути рушди бемайлони минтақаҳои кишвар, барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин раванд барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон 4-минтақаи озоди иқтисодӣ  аз ҷумла:
-Минтақаи озодииқтисодии “Суғд” :
-Минтақаи озоди иқтисодии “ Панҷ” :
-Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” :
-Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”   таъсис дода шудааст, ки дар рушди корхонаҳои саноати ва дар инкишофи саноати мамлакат саҳми назаррас ба бор меорад. Вобаста ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар ҳудуди кишвар сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои барқӣ-обии хурду бузург аз ҷумлаи Иншооти бузурги аср “Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун” ,  НБО “Сангтуда-1, “Сангтуда-2”, НБО “Норак”, НБО “ Қайроқум” , НБО “Бойғозӣ”  НБО “Помир”, НБО “Тоҷикистон” ва ғайраҳо ҳамчунин хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи “Ҷануб –Шимол” , “Лолазор-Хатлон” , “Лолазор-Сангтуда-1 ва ғайра ба истифода дода шудаанд, ки сокинони қишвар аз норасогии қувваи барқ раҳо шуда, айни замон тамоми сокинони кишвар бо неруи барқ дар чаҳор фасли сол таъмин гардидаанд.
Тибқи маълумотҳои коршиносони байналмиллалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи истеҳсоли “Энергияи сабз” дар қатори шаш кишвари пешқадами сайёра ҷой дошта, эҳтимол аст, ки баъди пурра ба истифода додани НБО “Роғун” Тоҷикистон дар қатори чоргонаи аввали кишварҳои мазкур қарор бигирад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дастовардҳо дар самти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз чумла дар соҳаи маориф низ басо назаррас ба чашм расида, шурӯъ аз соли 1991 то ба имруз дар кишар зиёда аз 3025 иншоотҳои соҳаи маориф бо зиёда аз 1,5 миллион ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудаанд. Дар айни замон миқдори муассисаҳои томактабӣ 665 ададро ташкил медиҳад, зиёда аз 103 000 нафар  кудакону наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи муассисаҳои олии касбӣ дар ин давра аз 13 адади соли 1991, ба 41 адад, шумораи умумии донишҷуён аз 70 000 нафар ба 245 000 нафар расидааст. Ба ғайр аз донишҷуёни дохили кишвар айни замон дар хориҷи кишвар зиёда аз 40 000 нафар донишҷуёну аспирантону докторантон таҳсили илм намуда истодаанд.
Дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад сохта ба истифода додани 1755 адад бунгоҳҳои тиббии замонавӣ дар деҳаҳои дурдасти мамлакат худ гувоҳи тарақиёти соҳаро дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат медиҳад.
Фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ, муаррифии мероси адабӣ таърихи ва ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ, бузургдошти чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик. Ҳамчунин ворид намудани “Саразми бостонӣ” ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарияти ЮНЕСКО, Иди ”Наврузи байналмиллалӣ”, “Шашмақом”, “Оши палав”, “Чакан”, “Атласу адрас” ва ғайраро ҳукумати мамлакат тавонист ин мероси аз ниёгонамон боқимондаро ба ҷаҳониён муаррифи намояд.
Солҳои охир саҳми ҷавонон дар ҳама гуна соҳаҳо бахусус дар соҳаи варзиш ва оммагардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳли ҷомеа назаррас ба чашм мерасад. Роҳбари давлат нисбати ояндаи давлату миллат аз мо ҷавонон орзуву омоли нек пиндошта, дар ҳаммаи суханрониҳояшон кору фаъолияти ҷавононро аз мадди назари худ дур насохта чунин иброз медоранд:
“Мо аз ҷавонони соҳибхираду бомаърифати миллат таманниётҳои зиёд дорем зеро ҷавонон ояндаи давлату миллат ва давомдиҳандагони насли имрузу ояндаи давлат ба ҳисоб мераванд”. Маврид ба зикри хос аст, ки кору фаъолияти ҷавонон хоса парчамбардорону муаррифгарони миллати тоҷик дар ҳаммаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бориз буда, дар дохил ва хориҷи мамлакат ҳам таҳсили илм ва ҳам кору фаъолият намуда истодаанд.
Соҳаи варзиши мамлакат бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавонони варзишгару паҳлавонони тоҷик руз аз руз рушд карда истодааст. Агар ба гузаштаи соҳаи врзиши кишвар бингарем ба мо аён мегардад, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта шумораи иншоотҳои варзишии кишвар ҳамагӣ 1000 ададро ташкил медод ва ин шумора то ба замони имрузаи тараққиёту пешрафти кишвар бо бархе аз факту рақамҳо то соли 2020 ба 10220 адад баробар гаштааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзишро чун дигар соҳаҳо соҳаи даромаднок дониста қариб дар ҳаммаи ҷамоатҳо ва деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар иншоотҳои варзишӣ сохта ба истифода дода истодааст.
Дар қатори ин ҳама соҳаи сайёҳӣ низ дар мамлакат соҳаи сердаромад маҳсуб ёфта, яке  аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ ва соҳаи рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеъ ва мақом ин соҳаи сердаромад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиётро дар бар мегирад. Ба хотири рушди ҳунарҳои миллӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва рушди деҳоту маҳаллҳо Раиси муаазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 2019-2021-умро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, ки бо гузашти се сол аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбари давлат дар кишвар, рушди деҳоту маҳалҳо бо тараққиёти инфрасохтори сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ ба кулли дигаргуниҳои зиёде овард. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, ки худ кишвари амну бе хавфу хатар ва дорои минтақаҳои зиёди сайёҳӣ мебошад, ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳону куҳнавардон ва меҳмонони хориҷ вориди кишвари мо мегарданд. Дар баробари сафар намудан ба минтақаҳои сайёҳии кишвар бо як руҳу илҳоми тоза аз минтақаҳои сайёҳии мо ба кишварҳояшон бар мегарданд. Бо бархе аз далелҳо соли 2018 бори нахуст шумораи сайёҳону куҳнавардони хориҷии вориди кишвари мо гардида қариб ба 1 милиону 200 000 нафар расидааст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад,ки соҳаи сайёҳӣ низ ба рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузошта истодааст.
Албатта, дастовардҳои 31 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас буда, ба тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар дахл доранд. Аммо як ба як шуморидани дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муддати начандон кутоҳи таърихӣ кишвари соҳибистиқлоли мо бо Пешвои Сулҳовари хеш роҳеро тай намуд, ки гузаштагону ниёгони мо он пайроҳаро аз давраи давлатдории Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг, ва ҷавҳари миллии хешро барои мо тоҷикон ҳазорҳо сол қабл ба мерос гузоштаанд ва онро ҳифз намудан вазифаи аввалиндараҷа во ҷонии мо ба ҳисоб меравад.
Шаҳодати гуфтаҳо дар он аст, ки ин ҳама дастовардҳои даврони 31 соли соҳибистиқлолӣ, дар саҳифаҳои китоби миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд ва барои то абад боқи мондани он, ҳифзи онҳо мо бояд ба ояндаи дурахшони миллат эътимод дошта, заҳмат кашем, бунёд созем ва ба мерос гузорем.

Р. Раҳимзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *