Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: ИҶЛОСИЯИ ВАҲДАТОФАР

         Воқеоти муҳими таърихӣ, сарнавиштсоз баъзан дар як сана рух дода,  ё як рақами  муайян  дар ҳаёти халқҳо, давлатҳо ва хосатан ба арсаи  сиёсат омадан, фаъолияти густурдаи онҳо ва бо гузашти вақт  сиёсатмадори варзида шудани онҳо такрор мешавад. Ин воқеот баъзан мазмунан як мавзӯъро фарогир мешаванд ва ё онро такмил додаву тақвият мебахшанд.  Такрор шудани рақамҳо ва ё мувофиқ омадани санаҳо баъзан дар раванди тадриҷан такмил ёфтани ҳамон рӯйдоди таърихӣ ба назар мерасанд. Дар таърихи  халқи тоҷик солҳои соҳибистиқлолӣ низ чунин воқеот ба назар мерасанд. Дар мисоли мо ҳамин гуна  рақамҳо ва санаҳо аз оғозу рафту натиҷаи муҳимтарин воқеоти сиёсии охири асри XX ва ду даҳсолаи аввали асри XXI , дар пайвастагӣ ба он аз фаъолияти ба ҳамин мавзӯъ вобастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оварда мешаванд.
      Чун ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сар зад, ягона роҳе, ки вазъро дар ҷумҳурӣ ором карда метавонист он буд, ки вакилони мардумӣ барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаётии ҷумҳурӣ бояд иҷлосия  барпо намуда, роҳҳои аз вартаи буҳрони сиёсӣ баровардани мамлакатро баррасӣ мекарданд. Дар чунин вазъияти ҳассос дар қасри  Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаеви Хуҷанди бостонӣ  иҷлосия баргузор гашт. Ин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) буд.
        Ин иҷлосияи тақдирсоз, ки дар он аз 230 нафар вакилони халқ 193 нафарашон дар кори иҷлосия иштирок намуданд, рӯзномааш ҳалли 23 масъаларо дар бар гирифта, муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баргардондани гурезаҳо ба Ватан, дар бораи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон, интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд. Интихоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он иҷлосия ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ, ки дар як вақт ваколатҳои сардори давлатро низ ба ӯҳда доштанд, аз муваффақтарин дастоварди халқи тоҷик дар ин иҷлосия  ба шумор меравад. Кори ин Иҷлосия санаи 16-ноябри соли 1992 оғоз ёфтааст.
        Дар ин иҷлосия барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ 74 санади ҳуқуқӣ, аз он 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул намуда буданд. Кори ин иҷлосия 16 рӯз давом кардааст.
        Таърих гувоҳи он аст, ки  6-уми ноябри соли 1994 дар интихоботи президентӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  интихоб гардида, санаи 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда, ба иҷрои вазифа шурӯъ карданд.
       
       Бояд гуфт, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи моддаи 2-и он минбаъд санаи 16 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун  “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Аслан мақсад аз рӯзи ид муайян намудани ин сана он аст, ки мувофиқи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфтаву Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ намуданд.
       Дар баробари  замони рух додани воқеоти таърихӣ  дар бораи макони баргузории он низ хотиррасон бояд намуд, ки Қасри Арбоб дорои санъати хосаи меъмориву тасвирӣ буда, аз зумраи иншоотҳои боҳашамати меъмории асри XX  тоҷикон ба номи ду маротиба Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаев аст. Номи қаср аз номи теппае, ки қаср дар он ҷо бунёд гаштааст гирифта шудааст. Дар ин қаср иҷлосияе, ки ба раванди ваҳдатофаринӣ ибтидо гузошт ва ҳам сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор кард баргузор гашт. Аҷобат он аст,  ки иҷлосия дар қасре баргузор гашт, ки  даҳлези онро  16 шаҳсутун ҳанӯз шукӯҳи хоса  мебахшанд.

Мурод Ҷумъаев, аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ.
омӯзгори фанни  таърихи   МТМУ   №20    ноҳияи Айнӣ,  Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *