Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ИҶЛОСИЯИ ХVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ, ХУДШИНОСӢ, ИТТИҲОД НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ дар таъмини ваҳдату ягонагӣ,  худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дорад. Тибқи маълумотҳои суҳбатороямон маълум гардид, ки дар Хуҷанди бостонӣ вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI-ум барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст овардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ кушишҳои зиёд намуданд. Баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад алайҳи ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвари мо 30-солагии онро ботантана ҷашн мегиранд. Доир ба таърихи Иҷлосия ва муҳимияти он дар рушди зиндагии шоистаи мардум, масъули шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия бо собиқадори меҳнат, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ, маориф – Гулчеҳра Саъдуллоева суҳбате орост, ки манзури ҳамсафон ва ҷонибдорони ҲХДТ менамоем.

Муаллимаи гиромӣ! Шумо яке аз модароне мебошед, ки дар соҳаҳои мухталифи кишвар сарбаландона адои вазифа намуда, дар рушди ҷомеа ва тарбияи наслҳои ҷавон нақши муассир доред! Мегуфтед, ки  соли 1992 барои рушди босуботи миллати тоҷик кадом иқдомҳои  муҳимтарин ба анҷом расидаанд?

– Саломат бошед, дар ибтидо ман изҳори миннатдории худро ба роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мерасонам, ки дар самти фаъолият собиқадоронро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки муҳимтарин  ва беҳтарин иқдом баҳри рушди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир шудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад.  Насли ҷавони кишвар бояд бидонанд, ки дар он зафмон, роҳбарияти ҷадиди Тоҷикистон пас аз омӯзиш, таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Назди худ, вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик баҳри хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд. Худ шоҳиди он давраҳо будам. Бемуҳобо ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар суханронии аввалини худ, шояд дар ҳама рӯзномаву маҷалаву радиову оинаи нилгун фаъолони ҷомеа қайд намуда бошанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”. Бо талоши ин марди хирад, дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд.

Ҳамзамон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард. Дар идомаи суҳбат иброз доштанд, ки тибқи моддаи 109-и Конститутсияи собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷойи Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин рӯ, Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ ва қабул гардид. Акнун дар байни иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мақомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шумор мерафт, ки он давлатро ба таври куллӣ идора мекард.

         Муаллимаи азиз, Шумо дар баробари адои вазифа дар ҳокимияти давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф таҷрибаи ғанӣ доред, қайд менамудед, ки соҳаи тандурустии кишвар дар он давр дар кадом вазъ қарор дошт, ҳамзамон дар Тоҷикистон аз кадом давра робитаи байналмилалӣ устувор гардид?

– Ташаккур! – Як нуқтаи муҳимро мегӯям, ки соҳаи тандурустии кишвар баъд аз ба даст овардани Истиқлолият ва мароқ зоҳир намудани Пешвои миллат ба ин соҳа, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар бораи робитаи байналмилалии Тоҷикистон, ҳаминро қайд намуданиам, ки барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чандин давлатҳо ҳамкориро ба роҳ монданд. Бо ин амали худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи байналмилалии Тоҷикистонро устувор намуд.

Роҳнамои ҷавонон, мегуфтед, ки дар Иҷлосия, ки онро тақдирсоз меноманд, чӣ иқдомҳо рӯи кор оварда шуданд?

– Саломат бошед, дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳаданд, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созанд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд.

Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуданд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешиданд. Афви умумӣ, ҷамъоварии силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯрокворӣ, пеш аз ҳама орду равған, зиёд намудани маош, мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурии мо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳаллу фасли худро ёфтанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буданд, барқарор карда шуданд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуданд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохта хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуданд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошта, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуда  мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушоданд, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуда  ба рушди он замина гузоштанд ва аз  ин лиҳоз онро тақдирсоз меноманд. Дар баробари ин Пешвои муаззами миллат ба масъалаи рушди бомайлони занон, ҷавонон иқдомҳои наҷибро пешаи худ намуданд. Боиси зикр аст, ки барои занон бунёди корхонаҳои дӯзандагӣ, пешниҳод ба мақомҳои роҳбарикунанда, ҷалби ҷавондухтарони куҳистон ба донишгоҳҳои Олӣ яке аз иқдомҳои асосии роҳбари давлат буданд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар соҳаҳои мухталиф дар кутоҳтарин муддат ба пешравӣ ноил гардида, сатҳи зиндагии мардум ранги дигар гирифтанд.

Саломат бошед, муаллимаи меҳрубон, модари мушфиқ, арзи сипос барои чунин мусоҳибаи пур аз меҳру муҳаббати меҳанпарастонаатон

Ба Шумо ва ба кулли кормандони кумиҷроия  изҳори сипос, ки ба ин мавзӯъ мароқ зоҳир намудед ва умедворам заррае ҳам бошад, ҳамватанон аз ин сӯҳбат баҳра хоҳанд бардошт.

Суҳбаторо

мудири Шуъбаи таблиғот ва иттилооти

 КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *