Дар маҷлисгоҳи калони МИҲД-и ноҳияи Айнӣ конференсияи ХVIII ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар ноҳия доир гардид, ки дар кори он аъзои Кумиҷроияи вилоятӣ, Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Мукаррамов Фарҳод, вакилон ва фаъолон ширкат варзиданд.
Дар Конференсияи ғайринавбатии кумиҷроия 3-масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1. Дар бораи вусъат бахшидани корҳои ҳизбӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз ҳавзаи интихоботии Вота №1 ба ҷои вакили хориҷшуда
3. Масъалаҳои ҷорӣ
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Раҳимзода оиди вусъат бахшидани корҳои ҳизбӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромади муфассал намуда, аз вакилон ва фаъолони ҳизбӣ даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал нақши муассир гузоранд. Баъд аз баромади раиси кумиҷрояия, аъзоёни фаъоли ҳизб Оқилзода Ф., ва Хокирозода А., ба музокира баромада, иқдомҳои ҳизбиро оиди сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуданд.
Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома, қайд карда шуд, ки дар Иҷлосияи даҳуми (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз 17 марти соли 2022 таҳти №180 Қарор “Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии Вота №1” қабул гардида, интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Вота №1, рӯзи якшанбе 22 майи соли 2022 таъин гардидааст. Дар ҷараёни конференсия, номзадии аъзои фаъоли ҳизб, раиси Ҷамоати деҳоти Урметан Қодиров Алиқул Дустмаҳмедович аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз ҳавзаи интихоботии Вота №1 пешбарӣ гардид, ки вакилони Конференсия номзади пешбаришударо якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, дар Конференсия масъалаи сеюми рӯзнома лоиҳаи Қарор “Дар бораи таъсиси ташкилотҳои ибтидои нав” барраси гардида, мутобиқи банди 4.2. Оинномаи ҳизб, номгӯи ташкилотҳои ибтидоии нав дар назди МД “Варзишгоҳи марказӣ”-и ноҳия бо номи ташкилоти ибтидоии “Пайравони Пешво” ва дар назди КВД “Қароргоҳи Сарвари давлат” дар мавзеи Искандаркул бо номи ташкилоти ибтидоии “Ватандӯст” пешниҳод карда шуд, ки вакилон ташкилотҳои навтаъсисро қобили қабул донистанд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи Конференсияи ғайринавбатии Кумиҷроия, раиси ноҳия Муродзода М.Қ. фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, аз ҳар яки узви ҳизб, вакилон ва фаъолони ноҳия хоҳиш ба амал оварданд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амали намудани ҳадафҳои созандаи барномавию оинномавии ҳизб аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, мавқеи ҳизбиамонро дар ҷомеа боз ҳам пойдору мустаҳкам намоем.