Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Конференсияи 19-уми Ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид

Рӯзи 28 июли соли 2022 дар Қасри фарҳанги ноҳия Конференсияи 19 – уми ҳисоботӣ интихоботии Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Р.М. кушода эълон намуд.

Баъди садо додани Суруди миллӣ ҳайати меҳмонон – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, вакили МН МО ҶТ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр ва раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм ба вакилони конференсия муаррифӣ карда шуданд.

Баъди интихоби раёсати корӣ, Конференсия ба кори худ идома бахшида, комиссияи мандатӣ, котиботи конференсия, комиссияи таҳририя тасдиқ карда шуданд ва аъзоёни онҳо ба кори худ шуруъ намуданд.

Баъди шунидани ахбороти комиссияи мандатӣ ва тасдиқи ваколати вакилони конференсия ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи Конференсия оғоз бахшида шуд.

Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд:

1. Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи аз ноябри соли 2019 то июли соли 2022;

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар давраи ҳисоботӣ;

3. Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;

4. Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;

5. Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи 15 –уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия “Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Р.М. баромад намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ёрӣ ба Хона” Туйғунов Саидмурод, “Урметан” Тилабов Слҳиддин, “Сарвода” Ҷумаева Муборак ва “Ҳунарманд” Раҷабов Абдусалом ба музокира баромада, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи кори Конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ шунида шуд. Аз рӯи ин масъала раиси комиссияи тафтишотӣ Олмаҳмадзода Шаҳрулло баромад намуд.

Вакилони конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 29 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва вакилонро ба конференсияи 15 – уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд иборат аз 19 нафар интихоб намуданд.

Дар кори Конференсияи 19-уми ҳисоботи интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода М.Қ. ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Б.Ҳ., сухан карда, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аҳли аъзоёни Ҳизб дар ноҳия баён доштанд.

Оид ба масъалаҳои рӯзномаи Конференсия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фарҷоми кори Конференсия чанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ қадрдонӣ карда шуда, ба 8 нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Бо ҳамин Конференсияи 19-уми ҳисоботи интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ кори худро ба анҷом расонид.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ гузаронида шуда, аз рӯи масъалаҳои рӯзнома ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроия, Раис ва муовини раиси Кумита интихоб карда шуданд.

Бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раҳимзода Рузибой Маҳмадёр аз нав Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ интихоб гард

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *