Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Корҳои фаҳмондадидӣ оиди паём дар ташкилоти ибтидоии фарҳанг

Бо мақсади шарҳу тавзеи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и назди кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ Қобилзода Абдуғанӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои собиқадорони КИН, Аслиддин Сатторов бо аъзоёни ташкилот вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни мулоқот, самтҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуда, қайд гардид, ки фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.

Ба шарофати соҳибихтиёрӣ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамон эҳё гардида, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки “Шашмақом”, “Фалак”, “Наврӯз”, “Тиргон”, “Меҳргон” ва “Сада” аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, нашри силсилакитоби “Ахтарони адаб” иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ва иқдоми созандаи роҳбари давлат дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Дар идомаи суҳбат раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” ва кормандони ташкилот, атрофи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ, беҳтар ба роҳ мондани самти фаъолият дар китобхонаҳо, клубҳо ва дигар муссисаҳои хизматрасонии фарҳангӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар масоили мубрам ҳарф заданд.

Дар интиҳо барои натиҷаҳои назаррас, саҳми бориз гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг, тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолият ва ширкати фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фарозғатӣ ба якчанд фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *