Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: МОДАР ЯКТОСТ, ВАТАН ЯКТОСТ!

Ҷавонон нерӯи пуриқтидор, бунёдкору созанда ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар зери шиори “Ҷавонон ояндаи миллатанд” родмардони меҳан  дар тамоми соҳаҳои мухталиф кору фаъолият дошта, дар пешрафти соҳаҳои дахлдори кишвар саҳми назарраси хешро гузошта истодаанд.  Тарбия намудан, ба корҳои ободониву созандагӣ, ташаббускорӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа  ҷалб намудани ҷавонон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон бо ҷавонон ба маврид таъкид карданд, ки  “Имрӯз, ки  ҳар яки мо зери Парчам саф меороем,  пеш аз ҳама, мазмуну моҳияти Истиқлолият, Ваҳдату ягонагӣ, Сулҳу суботи миллатро ба хубӣ дарк намуда, муҳтавои онро дар байни ҷавонон мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор диҳем”. Посдории таъриху фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан, донистани қонунҳои амалкунанда, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ  ва онро дар амал татбиқ кардан вазифаи ҷонии ҳар як ҷавони бедордилӣ тоҷик бошад. Надонистани қонун ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ,  моро ба гумроҳӣ мебарад. Боиси нигаронӣ аст, ки солҳои охир ҷавонон ба ақида, равия, расму ойини бегонагон дода шуда, ба ташвиқу тарғиби идеология ва мафкураи бегона дода мешаванд.

 Таълиму тарбияи насли наврас  аз хонадону боғча, дабистону мактабҳои олӣ оғоз гардида, дар зери фаҳмишҳои таърихӣ, фарҳанги волои миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, садоқат ба Ватан, садоқат ба дину оини анъанавӣ,  дарки масъулият дар назди халқу ҷомеа, миллат сурат гирад. Имрӯз ҷомеа ба ҷавонон ва ҷавонон ба ҷомеа ниёз дорад. Бинобар ин, такя ба ҷавонони худогоҳу доно, солиму боандеша, ин такя ба ватандории онҳо, ба бақои ояндаи миллати тоҷик аст.

Раиси муаззами ҲХДТ дар ҳар баромадҳояшон бо ифтихор таъкид менамоянд, ки “Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар-Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд”. Маҳз дар пешорӯи ободиву шукуфои ва Истиқлолияти Тоҷикистони биҳиштосо муборизаҳо ва заҳамоти шабонарӯзии ҷавонони бонангу номуси миллат меистоданд, ки мо онро бо чашмони хеш дида истодаем. Дар идомаи иқдомоти неки меҳанпарастӣ, ҷавонони ватандӯстро мебояд, ки  минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури  наврасону ҷовонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.  Модар яктост, Ватан яктост- шиори ҳар яки мо, бахусус ҷавонони баномуси мо бошад. Он гоҳ, ман фикр мекунам ба мақсадҳои аслӣ расида ба фарзандону пайвандон Ватани гул-гулшукуфонро мероси аҷдодӣ хоҳем гузошт.

Ҷавонон ё шахсоне ҳам ёфт шуда истодаанд, ки гузаштаи худро нодида гирифта, инкор карда, воқеаву ҳодисаҳои таърихи гузаштаамонро нодуруст маънидод намуда, хизмати шахсиятҳои таърихиро инкор ва бобоёну падарони худро мазамату сўйи онҳо сангандозӣ мекунанд. Чунин амалҳои ноҷавонмардона, моро водор месозад, ки дар ҷавоби матлабҳои дастурӣ вокунишҳои саривақтӣ дода, нагузорем, ки дар фазои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеи худро ҷоннок намоянд.

С.Қобилов

Мудири шуъбаи иттилоот ва

таблиғоти КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *