Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: МО САФИ ОБОДИҲО ДАР ИН ВАТАН ЗАМ МЕКУНЕМ

      Тоҷикистон сарзамини биҳиштосо ва зархезу зарфишон буда, бо ҳама зебоиҳояш, хуррамиҳояш, гул-гулшукуфоиҳояш, боигариҳои бебаҳояш ва миллати маърифатпарвару меҳмондӯсташ дар байни дигар давлатҳои рӯйи олам машҳуру маъруф гардидааст. Кишвари зебоманзари мо дар давраи Истиқлолият ба куллӣ дигаргун гардида, биноҳои баландошёна, меҳмонхонаҳои пурҳашамат, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва марказҳои тиббию хизматрасонӣ ба ҳусни кишвар ҳусни дигаре зам намуда истодаанд.

      Хоки зархезу зарфишони кишвари мо бо тиллои сафед ва меваҳои шаҳдбораш муаррифгари Ватани ҷоноҷонамон дар рӯйи олам гардидааст. Халқи тоҷик ҳанӯз аз давраҳои қадим маорифпарвар буду маорифпарвар ҳаст ва маорифпарвар хоҳад монд. Дар канори хеш ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст ва донишманду фозилро ба воя мерасонад ва дар бузургиҳо бузургу дар дороиҳо доро мебошад. Обу ҳавои форам ва замини зархезу зарфишони кишвари маҳбуби мо гӯё бо ҳам тавъам афтодаанду дар зебоию хуррамиҳои кишвар саҳми беандозаро доро мебошанд.

Шукри обу шукри хокаш мекунем,
Шукри ин ганҷи равонаш мекунем.
Шукри халқи номдораш мекунем,
Шукри Пешвои муаззам мекунем.

      Оре, мо бояд ба ҳамаи доди Худованд, ба ҳама зебоию хуррамӣ ва ободию осудагӣ шукрона намоем. Зеро Худованд баҳри мо чунин зиндагонии ободу осуда ва хушбахтию шодмониҳоро ато намудааст, ки ин гуна зиндагониро халқу миллатҳои дигар кишварҳои ноободи рӯйи олам ҳавас мекунанд. Имрӯз мо ҳама озодона дар кӯчаҳои кишвар гаштугузор намуда, бо хотири ҷамъ умр ба сар бурда истодаем. Баҳри соҳибилм ва соҳибҳунар гардидани наврасону ҷавонони мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Айни замон ҷавондухтарон ва ҷавонписарони тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷ аз кишвар таҳсили илм менамоянд ва соҳибмаълумот гардида, бо сари баланду маълумоти олӣ ба Ватан бозмегарданд, ё ин ки ихтиёри фаъолият дар ҳамон кишварро намуда, бо дониши хубу аъло ва ахлоқи накӯи хеш миллату давлатамонро дар байни миллатҳои гуногун хуб муаррифӣ менамоянд.

     Албатта, ин ҳама бурдборию муваффақиятҳо маҳз тавассути хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мо муяссар гардида истодааст. Сарвари давлатамон тавонистанд дар кишварамон сулҳро ҷорӣ намоянд ва сафи навгониҳоро дар кишвар афзун гардонанд. Чӣ хеле, ки дар боло андеша баён намуда будам, кишвари мо рӯз ба рӯз тараққӣ карда истодааст. Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мардуми меҳнаткашу бонангу ори мо дили заминро шикофта, нақбҳоро бунёд карда, рафту омади мусофиронро аз як гӯшаи кишвар ба дигар самти он хеле осон гардонидаанд. Сафи нерӯгоҳҳои барқӣ ба маротиб афзун гардида, хонандони ҳама мардумон аз равшании барқ мунаввартар мешаванд.

     Хизматҳои сарвари давлат дар пешбурди кори давлатӣ беҳад назаррас мебошад ва оиди он соатҳо ҳарф занем ҳам ками андар кам аст. Баҳри мо занону бонувон низ хизмати сарвари давлат ниҳоят бузург мебошад. Сафи духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил менамоянд ва хонандагоне, ки сазовори гирифтани стипендияҳои президентӣ ҳастанд ба маротиб зиёд шуда истодаанд. Занону духтарони хонашин бевосита дар корхонаву фабрикаҳо фаъолият бурда, бо василаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, баҳри ободии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии хеш саҳмгузорӣ менамоянд. Мо занҳо аз озодии хеш мефахрем ва ба сарвари давлати хеш ҳамду сано мехонем. Шукргузорӣ мекунем, ки Худованд чунин зиндагонӣ ва чунин сарвари бонангу ор ва адолатпешаву донишмандро насибамон гардонидааст. Маҳз тавассути дастгириву ғамхориҳои падаронаи ин инсони нексиришту бомаърифат аст, ки мо айни замон ба ҳайси омӯзгору табиб, муҳандису ҳуқуқдон, рӯзноманигору тарҷумон фаъолият намуда, метавонем тибқи шартнома ба давлатҳои хориҷ аз кишвар низ рафта, фаъолияти хешро идома бидиҳем. Бояд ба қадри ин ҳама меҳрубониву ғамхориҳо ва хизматҳои шабонарӯзии сарвари кишвари хеш бирасем ва дар канори эшон якдилу якмаром гардида, баҳри ободию хуррамии кишвар ва осудагию хушнудии миллати хеш камари ҳиммат бандем ва хизмати босазои хешро гузорем. Ғунчаҳои боғи Ватан гардида, бо ҳусну назокат, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ҳунару ҳунармандӣ, маърифатпарастию оқилӣ ҳусни Ватани хешро боз ҳам зеботар гардонида, сафи навгониҳоро садҳо маротиба бештар мегардонем.

Баҳри кишвар, мо зи сидқи дил хизмат мекунем,
Мо сафи ободиҳо дар ин Ватан зам мекунем.
Пайрави Пешвои миллат гардида, мо бонувон,
Мулки худро доимо сарсабзу хуррам мекунем.

Сарвиноз ҲАМРОЕВА
Аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботии
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ
омӯзгори МТМУ №20

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *