Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Мулоқоти судманд бо ҳунармандони “Кӯҳсор”

Дар доираи нақша-чорабиниҳо рӯзи гузашта  масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо кормандони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор” дидан мулоқот доир намуданд, ки дар он роҳбари сехи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзии “Кӯҳсор” Гулчеҳра Ҳасанова, собиқадори меҳнат Гулчеҳча Саъдуллоева, ҳуқуқшиноси ташкилот Маллаев М. ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Зимни суҳбат доири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” ибрози назар намуданд.

Қобили қайд аст, ки коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар он зиёда аз 30 нафар занону духтарони хонашини деҳаҳои дурдасти ноҳия бо ҷои кори доимӣ ҷалб гаштанд.

Роҳбарияти коргоҳи дӯзандагӣ Г.Ҳасанова иброз доштанд, ки талош менамоем бо КИ ҲХДТ дар ноҳия ҳамкориро вусъати тоза бахшида, дар пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар рушди таълиму тарбияи фарзандон, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои номатлуб, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занони рустоҳои дурдасти ноҳия саҳми назаррас гузошта, баҳри сохтани сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассир гузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *