Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ФОНДАРЁ

Имрӯз бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода, Комисари комиссариати ҳарбии ноҳия- майор Одиназода Гулмурод дар Ҷамоати деҳоти Фондарё вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ раиси ҷамоат Ҷуразода Ёрмаҳмад, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳал ва дигар фаъолони ҷамоат ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот масъулин атрофи нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои номатлуб ва суиқасд ба ҷони худ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози назар карданд.

Дар интиҳо, иштирокчиёни вохӯрӣ оиди иҷрои масъалаҳои мавридиназар пешниҳодҳои судманд дода, бовар кунониданд, ки баҳри рафъи камбудиҳо чораҳои судманро пешаи худ менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *