Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар соли 2021

Дар асоси қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ва нақша тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2021 доир гардид, ки дар кори он аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Муродзода Муқим Қаюм, cармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода, аъзоёни кумитаи иҷроия, вакилон, раисони ташкилотхои ибтидоӣ, намояндагони занон ва ҷавонон, ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок намуданд.Дар маҷлиси ҳисоботии кумиҷроия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

1. Натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022;

2. Тасдиқи нақшаи тарғибу ташфиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21 декабри соли 2021;

3. Тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия барои соли 2022

4. Дар бораи фаъолияти гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ;

5. Оид ба даровардани тағйирот ба ҳайати Раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;

6. Тасдиқ қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ибтидоӣ ба қабул ва хориҷкунии аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;

7. Масъалаҳои ҷорӣ; Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар соли 2021 маълумоти муфассал дода иброз дошт, ки кумиҷроияи ноҳия дар самти масъалаҳои қабул ба узвияти ҲХДТ ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ, таъмини заминаи моддиву техникии КИ ҲХДТ дар ноҳия, баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хонишҳои сиёсӣ, эмгузаронӣ-баҳри пешгирии бемории коронавис, доир намудани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақвияти фаъолияти пурсамари нашрияиҳои ҳизбӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО, нашри мақолаву андешаҳо ва вокунишҳои саривақтӣ ба маводҳои муғризона, дастгирии моддиву маънавии ниёзмандон, фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ, иҷрои гузориши гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи марказӣ оиди ба низом даровардани фаъолияти ҳуҷҷатгузории кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, иҷрои қонунҳои миллӣ, фаъолияти маҳзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ бо нишондоди шумораи воридшудаи корхонаву ташкилоту ибтидоӣ ва аъзои ҳизб, иҷрои талаботҳои фармоиши №8 аз 1- феврали соли 2021, “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ”, баргузории чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, адабӣ-сиёсӣ, иҷрои бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, вусъати фаъолияти бахш ва шуъбаҳои кумиҷроия дар соли ҷорӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, аз натиҷаи иқдомҳои басамаррасида дар шабакаҳои иҷтимоии кумиҷроияи марказӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ, рӯзномаи маҳаллии “Файзи Зарафшон”, рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ”, Сухани халқ”, радиои маҳаллӣ ва ТВ “Шабакаи якум”, Ҷаҳоннамо ва дигар ВАО дарҷ намуд.Баъд аз баромади ҳисоботии раиси кумиҷроия, раиси ташкилоти ибтидоии “Рарз” Сангинзода Абдулаҳад, раиси ташкилоти ибтидоии “Молия” Мерганов Қутбиддин ва раиси ташкилоти ибтидоии “Шифобахш”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳия ба музокира баромада, ҳисоботи раиси кумиҷроияро мусбат арзёбӣ намуданд.Дар ҷараёни маҷлис, раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим, мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов баромад намуда, доир ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба таълимоти ғайрирасмӣ ҷалб гардидани ҷавонон, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ, омодагии ҳамаҷониба ба солҳои 2022 -2026, “Солҳои рушди саноат”, ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти саривақт иҷро намудани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ба сафи ҲХДТ андешаронӣ намуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кумиҷроия маслиҳатҳои судманд доданд. Сипас, раиси кумиҷроия лоиҳаи қарорҳои кумиҷроия оид ба тасдиқи нақшаи тарғибу ташфиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия барои соли 2022, даровардани тағйирот ба ҳайати Раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, тасдиқ қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул ва хориҷкунии аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияро қироат намуд, ки ҳар яке аз лоиҳаи қарорҳоро зикргардида баррасӣ ва тасдиқ кунонида шуданд. Дар ҷараёни маҷлиси ҳисоботӣ фаъолияти гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар интиҳо, аз ҷониби кумиҷроия дар ҳузури аъзоёни Раёсти КИН, аъзоёни фаъоли ҳизбӣ бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуда, ба якчанд нафар ҷавонони фаъол, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз ҷониби собиқадорони Ҳизб супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *