Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Обҳои мурда ба дарё намерасад.

Дар шароити ҷаҳонишавии кунунӣ авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар рӯз ба худ тарҳеро касб мекунад, ки он низ ба мо инсонҳо, хусусан наврасону ҷавонон бетаъсир намемонад. Бинобар ин ҳар фарди бедордил ва соҳибхирадро мебояд, ки дар хирвори маънавиёти хеш дорои донишҳои казоии сиёсӣ, худшиносӣ ва ватанпарастиву миллатдӯстӣ дошта бошаду дар ин ҷода фирефтаи дигарон нагардад.

Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки дар қалб ва андешаву афкори худ ҳисси меҳандустӣ ва созандагиву ободкориро дар роҳи Ватан дошта бошему шогирдонро дар ин руҳия тарбия намоем, то ки инсони қавиирода ва ватандӯст ба воя расанд.

Агар ба гузаштаи начандон тулонии солҳои 90-уми қарни гузашта назари андеша намоем, вуҷуди касро олудагии ранҷу азоб ва дарду андуҳи гарон фаро мегирад. Зеро ҳанӯз ҳам захмҳои ҷонкоҳ ва носури қалбҳо, ки аз дасти ашхоси мансабпараст ва ноҷавонмардони миллат ҷароҳат бардошта буд, беҳ нагардидааст. Чунин афроди бе нангу номус, ки онҳоро нашояд зодаи одамӣ пиндошт аз барои манфиатҳои шахсии худ кишвари ҷавону тозаистиқлоли мо тоҷиконро ба вартаи ҷангу хунрезӣ ва бародаркушӣ кашиданд. Садҳо сарпаноҳи ҳамватанони мо ба коми оташ фурӯ рафтанд, мардумон хонабардуш. Модарон ҷигарбандонашонро ғарқаи хуну хок дарёфтанд. Чеҳраи наварусони ормониро на фараҳу шодӣ, балки ашки ҳасрату нокомӣ ва ҳаҷру фироқ фаро гирифт. Замири поку беолоиши кудакони ташнаи меҳр ва навозиши падаронро яксу ноумедӣ ҷанҷол зад. Чи рӯзҳои сиёҳеро халқи куҳанбунёди мо паси сар намуд. Аз ёди чунин лаҳзаҳои зулмонӣ ҳама ба фарёд меояду дар қалби кас лашкари ғаму андӯҳ хайма мезанад. Вале онҳо дар гузаштаанду солҳо ёди ҷигарсузи он рузҳои сиёҳ аз хотирот фаромӯш намешаванд.

Шукронаи беназир кирдугори поку доварро, ки имрӯз ватани биҳиштосои мо Тоҷикистонро сулҳу Ваҳдат ободиву осудаҳолӣ насиб гардонидааст. Ин неъмати бебаҳо сарҷамъии миллат ва якпорчагии он бо талошу заҳматҳои накумарди поксиришт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидааст.

Ин сарвати бебаҳоро ҳифз намудану ба наслҳои пасин мерос мондан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди ватандуст мебошад. Моро зарур аст, ки ба ҳангомаву иғвогариҳои душманон ва ҳаммаслаконашон, ки дар камин дур аз Ватан ҷоғ мезананд, ба онҳо гуш надиҳем, зеро шахси ватандӯсту миллатдӯст на ин, ки дур аз ватан, балки дар Ватан бо хизмату заҳмати худ ватанро обод месозад. Албатта, таърих собит намудааст ашхоси тирадил, ки сиришта тира доранд, ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Ва дигар мардумро фирефтаи худ нахоҳанд кард. Зеро онҳо ба хотири пулу мол нангу номуси худ ва атрофиёнашонро фурӯхта ғуломи ҳалқабардуши хоҷагони бегона гардидаанд. Дар ин ҷода Соиб сухане айни муддао фармудааст.

Афсурда ба олами боло намерасанд,

Ин обҳои мурда ба дарё намерасанд.

Суянов Садриқул- директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии √: 37- и шаҳраки Зарафшон-2, ба номи Қаландар Солеҳов.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *