Рубрики
Асосӣ

Айнӣ: ПАРЧАМ – САРИ БАЛАНДИ ХАЛҚ

       МАҚОЛА: Парчам рамзи сарҷамъӣ, нишон аз соҳибдавлативу мустақилият, муттаҳидии мардум, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ба ҳисоб рафта, зери ин ливо, халқи меҳнадӯсти Тоҷик ва дигар халқиятҳо ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Дар баробари Суруди Миллӣ, Нишони давлатӣ, забони модарӣ-Парчами давлатӣ,  барои мардум муқаддас аст.

       Пешвоёни ҷаҳон-Парчамро сари баланди халқ меноманд. Ҳар ҷо Парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ боло мегирад. Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як баромадашон бо фаъолони кишвар қайд намуданд, ки  “Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони Истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад”.  Ёдовар бояд шуд,  ки 30-юми августи соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Душанбе, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пояи 165-метра, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид, ки дар Осиёву Аврупо ин иқдомро нишон аз Ватандориву гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ арзёбӣ намуданд. 

          Ҷонибеки Асрориён, ки таърих ва ёдгориҳои таърихии мондагори моро мавриди омӯзиш қарор додаанд, пайваста таъкид медорад, ки “Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем. Парчам мавқеъ ва нақши хосаи худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд.
        Аз ин рӯ Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ менамояд. Дар Иҷлосияи  16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24- ноябри соли 1992, ки  дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, Парчами Тоҷикистон  мавриди қабул қарор гирифт ва пӯшида нест, ки  дар таҳия ва пешниҳоди он  олимон ва аҳли фарҳанг назари худро  пешниҳод карданд ва  парчами давлати тоҷик, ки  имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ  шинохта шудааст,  бо рангҳи хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни  пешазисломӣ ва  баъдиисломии  мардуми мо аст,  яъне тамоми арзишҳои миллию  таърихии моро ифода мекунад. Қобили зикр аст, ки бо роҳнамоиву зери таваҷҷӯҳи хоси Пешвои миллат дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, назди муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ Парчами миллӣ парафшон аст. Аз он ҷумла бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳия Айнӣ муқаддасоти миллӣ, минҷумла Парчами миллӣ бо тарҳи зебо ва нимои дилнишин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ин иқдоми беназири Пешвои муаззами миллат, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуданд. 
Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик мо  зери Парчами давлати худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд. Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда, ба шарофати партави Парчам мардум бештар муттаҳид  мегарданд ва дар гиромӣ нигоҳ доштани муқаддасоти миллӣ, нақши муассири худро мегузоранд.

С.ҚОБИЛОВ
Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *