Рубрики
Uncategorized

Айнӣ: Сафи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” меафзояд

Дар доираи бурдани корҳои тарғиботиву ташфиқотии аъзоёнии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Айнӣ, як гурӯҳ ҷавонони фаъол ба кумиҷроияи ноҳия ташриф оварда. барои ба сафи ташкилот шомил шудан, ариза пешниҳод намуданд.

Дар ибтидо намояндаи ташкилот бо ҷавонон мулоқот доир намуда, атрофи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” маълумот дода, барои мароқ зоҳир намуданашон ба фаъолияти ташкилот изҳори сипос баён намуд.

Сипас, ҷавонон баромад намуда, бовар кунониданд, ки дар қатори дигар ҳамсабақонашон дар амали намудани иқдомҳои пешгирифтаи ҲХДТ нақши муассир гузошта, дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани дониши ҷавонон, ба варзиш ҷалб намудани ҷавонон ва дигар масъалаҳои мавридиназар нақши муассири худро мегузоранд.

Дар ҷараёни суҳбат масъулини ташкилот, атрофи хабару гузоришҳои ҳафтаинаи рӯзномаву маҷлаҳои ҷумҳурӣ андешаронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки рӯзномаҳои давриро пайваста мутолиа намуда, сатҳи донишашонро баланд бардоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *