Сулҳ чун офтоби рахшон, баҳори шукуфон, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфиқу меҳрубониҳост.
Сулҳ ифодакунандаи амният, осоиштаги, озоди, истиқлолият, нишонаи ободиву дурахшонии давлат ва зиндагии ороми миллат, хушбахтиву осудагии мардум, хандаи кӯдакон ва ҳузуру ҳаловати модарон ба шумор меравад. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандустист.
Тавре шоири сулҳҷӯ Турсунзода гуфтааст:
Сулҳ дар гул- гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррами кӯдакон.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштанаш мунтазам барои нигоҳ доштани сулҳ дар ҷаҳони муосир фаъолона мубориза мебарад. Имрӯз бо заҳмати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамаи давлатҳои дунё робитаи дӯсти барқарор аст. Ҳамарӯза чун миллати сулхоҳу давлати тинҷу ором ҳамкори намуда, дар бурду бохт ва камии онҳо саҳмгузор аст. Бештар аз панҷоҳ созмони байналмилалӣ бо Тоқикистон робитаи ҳасанаи дуҷониба доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳпарвариро ба пеш мебарад. Дар миқёси байналмилалӣ кишвари мо дар ҳама соҳаҳои давлатдори саҳми худро мегузорад. Барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тафаккури нав оид ба сиёсати байналмилалӣ дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид ифода ёфтаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ҷангҳои маҳаллиро маҳкум карда, баҳри пойдории сулҳ дар тамоми ҷаҳон баромад мекунад. Бо қарори ЮНЕСКО ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ” ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе супорида шудааст.
Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда барои мардуми Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.
Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳасти менамояд. Сулҳ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шуҳратёр мегардонад.
Сулҳ чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам – Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.
Мудири бахши занони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ
Самадова Нилуфар