АНДЕША: Аз ибтидо мардуми шарафманди Тоҷик бо хиради азалӣ, инсонпарварӣ ва заковати волои меҳанпарастӣ, дар пойдории сулҳу субот ва ҳамдилӣ дар дохил ва хориҷи кишвар бо чашми нек менигаранд. Дар ҷабҳаҳои муносибатҳои ҳамсоядорӣ ва идомабахшии зиндагии шоиста, қадамҳо устувор мегузоранд. Ба таъбири пирони хирад – “Аз хеши дур дида, ба ҳамсояи наздик” – эҳтиром мегузоранд.
Вале, ин эҳтиромгузориву қадрдониро бархе аз ҳамсояҳои ноогоҳу ғалатсоз нодида гирифта, ойини ҳамсоядориро доғдор намуда истодаанд. Аз он ҷумла, ҳамсоякишвар – Қирғизистон, ки бо шимоли кишвар, шаҳри Исфара ҳамсарҳаданд, бо рафтору кирдор, пиндор ва гуфторашон суботи ҳамсоядориро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурда истодаанд.
Борҳо ба тариқи пинҳониву ошкоро сӯи мардуми осоиштаи Ворухиёну Чоркуҳиён ва дигар манотиқи шаҳри инсонияти мо – Исфара тиру фтуфанг холӣ карда, байни аҳолӣ хусумату бадбиниро рӯи кор оварданд. Хушбахтона, роҳбарияти Олии Тоҷикистон ҳама муаммоҳои пешомадаро тариқи гуфтушунид, роҳи ҳаллашро пайдо намуда, мардумро барои идомаи зиндагии осоишта ва бахшидани якдигар ҳидоят намуданд.
Вале, ҷониби қирғиз гуфтушуниди ҷонибҳо ва талаботҳои ба миёнгузоштаро нодида гирифта, рӯзи 27-уми январи соли 2022 дар чорроҳаи Зарафшон, маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона намуданд, ки дар натиҷа чанд нафар захмӣ шуданд ва вазъ дар сарҳад муташанниҷ шуда, авзои тирпаронӣ идома дошт.
Хушбахтона, бо роҳнамоӣ ва ғояи ҳамсоядову сулҳҷӯёнаи ҳукумати кишвар, санаи 28- 01- 2022 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиядори ҷонибҳо доир гардида, оташбас эълон гардид, ки тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ба мавқеи доимиашон баргардонида шаванд, ки чунин гуфтушунид роҳи ҳалли худро пайдо намуд.
Боиси нигаронӣ аст, ки ҷониби Қирғиз бо ҳама гуноҳҳо ва муносибатҳои ғайриинсонӣ бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ, оммаро бо маълумотҳои бардуруғ ва фейкӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ коркард ва паҳн намуда истодааст. Чуноне, ки иттилло дорем, гурӯҳи ноогоҳи панҷоҳнафараи қирғиз, ки аз ҳисоби сокинони деҳаи Оқсои вилояти Бодканд, дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло, автомашинаи тамғаи “Порте”-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашондааст, маҷбуран боздошт намудаанд.
Оё чунин амал, амали қонунӣ аст?. Дар баробари ин, кучактарин муамморо бузург карда, аз ҷузъу томҳои ҳарбӣ, техникаҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймои бесарнишин, ки ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон намуд, истифода намуданд. Мо, чунин амалҳои ҷонибро маҳкум намуда, хотирнишон менамоем, ки аз азал халқи Тоҷик бо таърихи давалтдорӣ, мероси бойи аҷдодӣ ва хиради инсонӣ то ба имрӯз мавқеъу манзаллати хосаи худро доро мебошад, ки ин дороиро ҳамсоягони мо бояд мавриди омӯзиши амиқ қарор бидиҳанд.
Зеро, бо надонистани гузаштаи худ, насли инсоният ба гумроҳӣ қадам гузошта, дар натиҷаи беподошии гузашта, худро ба коми оташу ҷидол мезанад. Чоркуҳу Ворух барои ҳар яки Тоҷику Тоҷикистони азизу муътабар аст, ки дар онҷо беҳтарин фардҳои бохирад умр ба сар бурда, кишвари худро ба ҷаҳониён муаррфиӣ менамоянд.
Ҷавонони ватандӯсти ноҳия, ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар ҳар гӯшаи Ватани азизамон ҳастанд ва мехоҳанд, ки субот то абад пойбарҷо гардида, ноогоҳон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ҳолати вайрон кардани қарордод ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ, омодаем баҳри ҳимояи Ватан-Модар чораҳои самарбахшро пешаи худ намоем. Дар баробари ин, аз ҳар яки ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ба ахборотҳои иғвобарангези шабакаҳои иҷтимоӣ дода нашуда, матлабҳои ҳақиқатборро мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор диҳанд. Зеро, гурӯҳҳои манфиатҷӯй мехоҳанд, аз чунин вазъ истифода намуда, амнияти миллиро халалдор созанд.
Солеҳбой ҚОБИЛОВ
мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ