Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Табиати дилрабои Тоҷикистон- тасхиркунандаи дилҳо

МАҚОЛА: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар баробари барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, халқи тоҷик бо раҳнамоии Сарвари оқилу хирадманд ва дурандеши худ, тавонист дар тӯли 30- соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди бемайлон ва натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва сайёҳӣ ноил гардад.

Соҳаи сайёҳи ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ мебошанд, ки барои муаррифии фарҳангу таълихи куҳани халқи тоҷик, табиати биҳиштосо, обҳои мусаффои Тоҷикистон ба ҷаҳониён аҳамияти муҳим доранд. Сайёҳон ба таваҷҷӯҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвар эътибор зоҳир намуда, бо завқи баланди зебоипарастӣ, маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ мекунанд. Дар баробари ин, аз меҳмонхонаю тарабхонаҳо ва табиати дилфиреб истифода мебаранд, ки чунин иқдом метавонад дар рушди иқтисодиёти кишвар, муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид гузорад.

Имрӯз барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар ҳамаи имкониятҳо ва заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам гардида, Барнома ва сил-сила чораву тадбирҳои ҳавасмандкунӣ андешида шудааст. Вале, бо сабаби паҳн гардидани пандемияи коронавирус, рушди соҳа то як андоза коҳиш ёфт. Хушбахтона, баъд аз пешгирии бемории коронавирус ва барқарор гардидани робитаҳои байнидавлатӣ, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод, ки сайёҳон аз Тоҷикистон – кишвари биҳиштосо, зебо, дорои табиати нотакрор, ёдгориҳои нодири таърихию меъморӣ, меҳмоннавозии моро дида, Ватани азизамонро дар қатори давлатҳои пешрафта, баҳои арзандаро сазовор дониста истодаанд.

Қобили зикри хос аст, ки иқлими субтропикии Тоҷикистон барои мавҷудияти тамоми фаслҳои сол мусоид буда, обҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, куҳҳои сар ба фалак кашида, пиряхҳои азимҷусса, дараҳои зебо ва хешбоду ҳаво, олами наботот, ҳайвононти нодиру ҳайратангез ва дар маҷмуъ табиати биҳиштосои кишвари мо беҳтарин мавзеъ ва макони сайёҳат, истироҳату фароғат барои рушди сайёҳӣ шароит ва имкониятро фароҳам меорад. Шаҳрҳои Хуҷанд, Ҳисор, Кӯлоб, Ҳулбук, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт, ичунин мавзеҳои сайёҳии ВМКБ, водии Зарафшон, Деваштич, Шаҳристон дар ҷаҳон шуҳрат ва маъруфияти хосаро пайдо намудаанд. Эҳёи арзишҳои миллии ниёгони кишвар барои бозҳам фароҳам овардани имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоид менамояд.

Ҳамин тавр, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии чеҳраи аслии миллат, фарҳанг, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди бедордил ва ватандӯсту хештаншиносии кишварро мебояд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ барои боз ҳам зебову дилрабо гардидани Ватан ва муарифии он тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш ба харҷ дода, барои ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангии он содиқона хидмат намояд.

Озода Абдуллоева

Аъзои гурӯҳи тарғиботии

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

дар шаҳраки Ревад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *