Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба корҳои созандагӣ

Дар идомаи иҷрои бандҳои нақша-чорабинии кумиҷроия, масъулин бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва омӯзгорони ҷавони МТМУ №38-и деҳаи Ёвон вохӯрӣ доир намуданд. Зимни суҳбат оиди пешгирии ҷавонон аз равияҳои номатлуб, суиқасд ба ҷони худ, истифода босамари шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, мароқ зоҳир намудан ба омӯзиши фанҳои дақиқ, даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, иҷрои Қонунҳои миллӣ дар амал, ташаббус намудан ба иқдомҳои созанда дар маҳал, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дигар масоили рӯз андешаронӣ карда шуд.

Баъд аз мулоқот, ҷавонон баромад намуда, иброз доштанд, ки дар пайрави аз иқдомҳои неки роҳбари давлат талош менамоем, ки бо одобу ахлоқи ҳамида ва баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар ободии ҳар як гушаи диёр саҳми босазои хешро гузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *