Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Тарғиби дастовардҳои миллӣ дар ташкилоти ибтидоии “Рарз”

     Имрӯз тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, масъулини кумиҷроия ба ташкилоти ибтидоии “Рарз” сафар намуда бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, омӯзгорон ва фаъолон вохӯрӣ доир намуданд.

    Дар ибтидо табрикоти раиси кумиҷроияро ироа намуда,  дар ҷараёни мулоқот доир ба ҷашни 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии  ҷавонон аз ҳаракатҳои номатлуби ҷомеа, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ташкилот, ҷалби ҷавонон ба иқдомҳои созанда, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, азхуднамоии забонҳо, иҷрои бандҳои Оиннома, Барномаи ҲХДТ, ки барои зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, ибрози назар намуданд.

     Вохӯриҳо  бахшида ба ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ташкилотҳои ибтидоии КИН бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *