Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Ташкилотҳои ибтидоии “Анзоб”

Ба ҳамагон маълум аст ки имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ рафта истодааст.Дар ин радиф санаи 10.06.2022 дар ташкилотҳои ибтидоии “Анзоб” ва ” “Ҳунарманди”-и назди кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ бо иштироки бевоситаи раиси кумиҷроия Р.Раҳимзода,раиси ташкилоти ибтидоии “Анзоб” Абдуллоев О ва раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳунарманд” Раҷабов… Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ бо баррасии якчанд масъала:

.Ҳисоботҳои ҷамъбастии фаъолияти ташкилотҳо.

2.Нақшаи кории нави ташкилотҳо.

3.Интихоби дубораи раисони ташкилотҳо.

4.Интихби вакилони арзанда аз миёни аъзоёни ҳизб,ва қабули аъзоёни нав аз миёни ҷавонон ба сафи ҳизб ва ғайраҳо.Зимни суханронӣ раисони ташкилотҳо иброз доштаанд, ки аъзоёни ташкилотҳо ҳамаруза тибқи нақша чорабиниҳо,дастурамал ва оинномаи ҳизб амал карда,мардумонро ба сафи ҳизб ҷалб намуда истодаанд.Инчунин маъракаи Обуна шудани одамонро ба рӯзномаи “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” миёни ҷомеа ба роҳ монда ҳар сол пеш аз мӯҳлат нақшаро иҷро менамоянд. Раиси кумиҷроия Р.Раҳимзода ба сухан баромада оиди таҳким бахшидани ғояҳои гуногунҷанбаи ҳизб ва дар сафи пеш будани ҳизбамон миёни дигар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва хизматҳои софдилонаву некбинонаи раиси муаззами ҲХДТ ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин маъракаи дар пешистода 25-солагии Ваҳдати миллӣ суханрони намуданд.

Сипас аъзоёни фаъоли ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоӣ амсоли Давлатов Тоҷибой ва дигарҳо ба сухан баромада дар бораи пешрафти сулҳу осоиштагӣ, Ваҳдати миллӣ,хизматҳои ҷаноби олӣ,фаъолнокии аъзоёни гурӯҳҳои тарғиботӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру оиннома ва барномаҳои ҲХДТ ибрози андеша карданд.Гуфта шуд ки хуб мешуд агар ҷавонони фаъол ба маҷлисҳову конференсияҳои ҳизбӣ иштирок карда аз натиҷаи баргузории онҳо ба саҳми дигар аъзоёни ҳизбӣ мерасониданд.

Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ-иинтихоботӣ дар дигар ташкилотҳо бо маром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *