Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ ҲИССИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲӢ

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ масъулони кумиҷроия бо аъзоёни ҳизб дар ТИ “Зекробод” ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқоти судманд доир намуданд. Дар вохӯрӣ оиди нуқтаҳои асосии Паём, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҷалби хонандагон ба озмунҳои фаннӣ, иқдомҳои созандагӣ, истифода босамари шабакаҳои иҷтимоӣ, баргузории чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо дар ташкилоти ибтидоӣ ибрози назаро карда шуд.

Дар интиҳо фаъолони ташкилот атрофи мавзӯҳои матраҳгардида андешаҳои худро баён дошта, бовар кунониданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ доири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро дар замири насли наврас ҷоннок менамоем.

Вохӯриҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *