Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Таҷдиду азнавсозии роҳҳо дар меҳвари Паёми Пешвои миллат қарор доштанд

Ҳама сола мардуми шарафманди Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳи хос Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуда, аз бурду бохт ва пешниҳоду дастурҳои роҳбари давлат бархурдор мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 дастоварду комёбиҳои соҳаҳои мухталифи мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои оянда мушаххас намуданд. Зимни ироаи Паём, Пешвои миллат қайд намуданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар идомаи суханронӣ гуфтанд, ки дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад. Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.

Илова бар ин, соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон-Кӯлоб (32,5 километр), Данғара-Гулистон (49,2 километр), Гулистон-Фархор (40 километр), Бохтар-Левакант-Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз мегардад.

Боиси тазаккур аст, ки солҳои 2000 то солҳои 2011 мардуми кишвар барои рафту омад ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардиданд. Инчунин, пулҳои фарсудаву роҳҳои ноҳанвор боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегардид. Сарвари сулҳофари меҳан чунин муаммоҳоро дар мадди назарри хеш қарор дода, бо ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ мушкили чандинсолаи халқро осон гардониданд. Бунёди нақбҳо, пулҳои замонавӣ, мумфаршкунии шоҳроҳҳо роҳҳои маҳаллӣ дар рушди иқтисодиёт ва зиндагии мардум нақши назаррас гузошт. Чунин ташаббускориҳои Ҳукумати кишварро мадди назар гирифта, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар ободиву сарсабзии Ватан нақши муассири худро гузорем.

Тариқи Васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар гардида истодаем, ки бо сабаби боришоти зиёди барф ва сардии ҳафо вазъ дар шоҳроҳҳо мурракаб гардида истодаанд. Масъулони нигоҳдории роҳҳо дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, шабонарӯзи дар хизмати халқ қарор доранд. Бо дарҷи андешаҳо ва иқтибос аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил дорем, ки ҳамаи мо, қоидаҳои бехатарии роҳро риоя намуда, дар дар сохтмони роҳҳои мошингард, таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард саҳми бориз мегузорем. Зеро нигоҳдории дурусти роҳҳо метавонад, ки дар фасли сармо мушкилиҳоро коҳиш диҳад.

С.Қобилов

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *