Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ХИЗМАТ БА ВАТАН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ

     Бахшида ба 30-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии “Махшевад”  ва “Рарз”-и назди кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ  чорабинӣ ва дарси кушоди ҳарбӣ-ватандӯстӣ таҳти унвони “Хизмат ба Ватан рисолати ҷавонмардист” доир гардид, ки дар он устодон, собиқадорон, собиқа сарбозон ва фаъолон ширкат намуданд. 

      Дар чорабинӣ, ҷавонон доир ба фаъолияти командир, сафороӣ, ёрии аввали тиббӣ, ҷаҳидан бо арғамчин, аз ҷой ба дарозӣ ҷаҳидан, тирандозӣ, ба қисмҳои ҷудо ва ҷобаҷонкунии силоҳи оташфишонии тамғаи “Калашников”, сангбардорӣ, турниккашӣ ва ғайраҳо қувваозмоӣ намуда, маҳорати хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писанди ҳамагон гашт.

     Амирқул Қобилов омӯзгори МТМУ №28-и деҳаи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё, ки дар байни  хонандагон пайваста чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ баргузор менамояд, қайд намуд, ки “Имрӯз наврасону ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан-Модар барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати ҷавонон ва низомиёни ғайюри меҳан  вобаста мебошад”.

     Чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бомаром идома дорад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *