Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Шабакаҳои иҷтимоиро ба манфиат истифода намоем

Шурӯъ аз солҳои аввали асри 21 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интернет пайдо гардида, рушд намуд. Интернет, барои инсоният роҳу усулҳои ҷадидеро рӯи кор овард, ки ба васоити он ҳаёту зиндагӣ, фаъолият дар сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ ранги дигар гирифт. Вале, услуби истифодабарандагони интернет, моро ба он водор мекунад, ки тарғибгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.

Истифодаи ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ хатари бузург дар ҳаёт ва фаъолияти тамоми қишри ҷомеа ҳисобида мешавад. Қобили таъкид аст, ки бо баробари рушду нумӯъ кардани технология, истеҳсоли комютер, телефонҳои мобилӣ, барномаҳои ҳамоҳангсоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шумораи муштариёни хизматрасониҳои интернетӣ, махсусан иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардиданд. Зикр бояд намуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъи рушдёфтаи интернет ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоии Facebook, YoTube, WhatsApp, imoHD, Telegram, meseng-Lite, instagram, одноклассник, Shazam, TikTok, ВКонтакте, Твиттер солҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй, иғвобарангез, таҳдиду хатарҳои муосир нуҳуфта ва ё аёнанд, ки дар амнияту осоиштагии давлатҳои Осиёву Аврупо ва дигар манотиқи сайёра ворид сохта, фазои ноамниро рӯи кор меоранд.

Боиси таассуф аст, ки рушд накардани фарҳанги истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни истифодабарандагони он, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, хатарҳои болозикрро бештар намудааст.

Тибқи иттиллои фаъолони интернетӣ, дар ҳар як шабонарӯз дар шабакаи иҷтимоӣ, ҳазорон гурӯҳҳои алоҳида созмон дода мешавад, ки бештари онҳо бо номҳои мустаор ва иттилооти дурӯғ ба қайд гирифта мешаванд. Вале, атрофи ин масъала, кушодани саифаҳои пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ, маъмурияти онро парвое нест, зеро ба хотири манфиатҳои тиҷоратӣ муҳри хомӯширо пешаи худ намуда, ба мақсаду маром ва ҳадафҳои гурӯҳ-ташкилкунандагонро назорат намебаранд. Дар ибтидо бархе аз фаъолони саҳифаву гурӯҳҳои дохилии шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади мусоидат ба забономӯзӣ, таблиғи арзишҳои фарҳангиву сайёҳӣ, муколамаҳои ҳамсинфон, ҳамкасбон, ҳаммиллатон ва ба ин монанд самтҳо таъсис дода мешаванд, вале бо бештар гардидани аъзоёну иштирокчиёни он ҳадафҳои гурӯҳ тағйир меёбад.

Аз ин имконияти мавҷуда, гурӯҳҳои манфиатҷӯй истифода намуда, ғояҳои худро таблиғ мекунанд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонон, наврасон ва дигар қишри ҷомеа хатарзо мегарданд. Гурӯҳи олимон ва фаъолони ҷамъиятӣ бар он назаранд, ки яке аз хатарҳои асосии саҳифаву гурӯҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дур намудани инсон аз асли иҷтимоиаш мебошад. Пайвастан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки шиносоиву суҳбату бозиву алоқаҳои инсониро роҳандозӣ менамояд, насли инсон оҳиста-оҳиста аз муносибатҳои маъмулӣ даст мекашад. Дур шудани инсон аз асли иҷтимоиаш боиси пайдо гардидани ихтилоф дар муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ӯ мегардад.

Истифодабарандагони бештари шабакаҳои иҷтимоӣ марҳила ба марҳила дар ҳама падидаву ҳодисаҳои ҷомеа фаъол шуда, хатари дигари баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ, тавассути гурӯҳҳои ифротӣ, ки муаллифи он дар хориҷикишвар зиндагӣ менамоянд, ҷавоноро ба гумроҳӣ бурда, бо воситаи онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ менамонд. Аммо, баъд аз иҷрои ҳадаф, ҷавонони гумроҳро бехонумон карда, ҳаёту зиндагиро барояшон тира месозанд.

Гузоштан ва паҳн намудани маълумот, махсусан сурат ва наворҳо аз ҷониби ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушкилсоз гардида, боиси нигаронӣ гардидааст. Дар натиҷаи чунин амалкард, дахолат ба ҳаёти шахсӣ сурат мегирад, сирри оилавӣ, хизматӣ ва ғайра фош карда мешавад. Маълумоте, ки дар назари аввал содаву одӣ менамояд, бо гузашти вақти муайян ва тағйир ёфтани вазъ метавонад, мушкилсоз гардад, яъне инҷо “Иззи рақамӣ” ба миён меояд, ки ҳар лаҳза метавонад муқобили муаллиф истифода шавад.

Яке аз хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Ҳамзамон, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд паҳн карда мешавад, ки чунин муаммо метавонад ба тарзи муошират, муносибат, ботину зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад. Қазоват намоед, ки бо василаи дилбохтагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ахлоқи инсоният то рафт коста гардида, боиси сар задани ихтилоф дар худшиносӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, урфу одатҳои ғайриинсонӣ гардидааст. Матлабҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, маҳз аз тариқи фаъолони саҳифаву барномаҳо расонаӣ карда шуда, ба хонанда, шунаванда ва бинандаи худ имкон медиҳанд, ки дар зери маводи чопшуда фикри худро нависад, тугмачаи “ба ман писанд аст” (лайк)-ро пахш намояд ва ё ин маводро аз номи худ ба дӯстонаш дар доираи гурӯҳ ва ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ фиристонад.

Дар ин ҳолат, агар истифодабарандагони интернетӣ ба мазмуни муҳтавои мавод шинос шуда, нисбат ба он мавқеъгирӣ кунад, мушкиле пеш нахоҳад омад, вале бештари хонандагон бо бештар гардидани маводҳо, бо мазмуни мавод шинос нашуда, мавқеъгирӣ мекунад, ки чунин беаҳмияти боиси истифодаи гурӯҳҳои бегона мегардад. Борҳо таъкид намудаем, ки имрӯзҳо ҳолатҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ маводу маълумоти хусусияти экстремистидоштаро паҳн мекунанд ва ё ҳамон тугмаи маъмулии “ба ман писанд аст”-ро пахш менамоянд, ки ин баёнгари мавқеъгирии онҳост. Падару модарон, ҷавонон ва дигар қишри ҷомеаро мебояд, ки истифодаи интернетро дар худ маҳдуд карда, онро бо мақсад ва дар муҳлатҳои муайян мавриди истифода қарор диҳанд.

Бояд гуфт, ки истифодаи бештари шабакаҳои иҷтимоӣ ба саломатии инсон зарари калон дошта, инсонро ба заъифии ақл оварда мерасонад. Барои ба шабакаҳои иҷтимоӣ дода нашудан, моро мебояд, ба мутолиаи китоб рӯ оварда, дар пойдории хотира, чораандешӣ намоем. Муаамоҳои давлатҳои ҳамсояро бояд мадди назар гирифт, ки бо кадом роҳу васоит сулҳу субот зери по гардид.

Итминони комил дорем, ки ҳар яки аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ бо шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, технологияи муосирро мақсаднок истифода карда, дар некуаҳволии худ ва пайвандон саҳми босазо мегузоранд. Ва ба ҳар гуна ақидаҳои манфиатҷӯён дода нашуда, фарзандонро ба роҳи бунёдкорӣ ва поянда нигоҳ доштани Истиқлолият, роҳнамоӣ хоҳанд кард.

Солеҳбой ҚОБИЛОВ

Мудири шуъбаи таблиғот ва

иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *