Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар асоси нақша-чорабинии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури МНМОҶТ ҷиҳати ба самъи аҳолӣ расонидани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки вакили МНМОҶТ, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар МНМОҶТ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб, муовини Раиси ноҳияи Айнӣ Раҳматзода Суҳроб, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Рузибой Раҳимзода бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Анзоб, Ҷамоати деҳоти Фондарё ва шаҳраки Зарафшон мулоқот доир гардид.

Зимни вохӯрӣ вакили МНМОҶТ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб оид ба рушди соҳаҳои дахлдори кишвар дар соли 2022, ки дар Паёми Пешвои миллат қайд гардиданд, маълумоти муфассал дода, қайд намуданд, ки дар соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд. Бо вуҷуди таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот муовини Раиси ноҳия ва Раиси Кумиҷроия атрофи мавзӯи “Аз Паём то Паём” баромад намуданд. Сипас вакили МНМОҶТ аз ЛКТ №53 – шаҳракаи Зарафшон -2 ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ дидан намуда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба омода намудани кадрҳои соҳавӣ ва соҳибкасб гардидани ҳар як сокини мамлакат суханронӣ намуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани сифати таълим ва омодасозии кадрҳои лаёқатманд тавсиҳои судманд доданд.

Мулоқоту вохӯриҳои вакили МНМОҶТ, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар МНМОҶТ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб дар дигар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *