Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН!”

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ оид ба баланд бардоштани масъулияти аъзои ҳизб, муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, мувафиқати ному насаб, рақами шаҳодатнома бо рақами бақайдгирии аъзои ҳизб, аз қайд гузаштани аъзоҳо дар муддати 5 (панҷ) сол, дар доираи амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ аз ташкилотҳои ибтидоии “Барқчӣ” ва “Ҷангалпарвар”-и назди кумиҷроия дидан намудан.

Дар ҷараёни азназаргузаронӣ, кормандони кумиҷроия баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ба котиботи ташкилотҳо маслиҳатҳои судманд дода, оид ба бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои номатлуб, бурдани дурусти корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ, сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуда, аз раисони ташкилотҳои ибтидоӣ даъват ба амал оварданд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷрои 11 – банди амалиёти дар болозикргардида, чораҳои судманро роҳандозӣ намоянд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *