Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ҲАДАФ: ТАЪМИН ВА ЗАХИРАИ МАВОДИ ОЗУҚА

Дар асоси нақша – чорабиниҳо масъулини КИН Айнӣ бо ҷалби масъулони Раёсати кишоварзӣ ва аъзоёни кумиҷроия дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия бо сокинон ва фаъолон бо усули гардиши хона ба хона сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулон оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил, истеҳсолу захира кардани миқдори зарурии маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила, сарфакорию пешгирии исрофкории маводи озуқаворӣ ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид соли ҷорӣ, соли мушкил арзёбӣ гардида, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқавории зиндагии хеш чораҳои судмандро роҳандозӣ намоем.

Ҳамзамон зимни сӯҳбат аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президени Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбарӣ намуда, тамоми захираву имкониятро барои истеҳсоли маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона созанд.

Мулоқоти гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи ноҳиявӣ аз ҳисоби вакилон, занону ҷавонон, фаъолон, собиқадорон дар ноҳия бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *