Дар пайрави аз иқдомҳои наҷибу ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эммалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхорӣ фаро гирифтани ятимони кулл дар остонаи таҷлили ҷашни баҳору зебоӣ – Наврӯзи хуҷастапай дар асоси Барқияи воридории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти рақами – №24, Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ташкилоти ибтидоии “Куҳкан”-и назди кумиҷроия аксияи “Ҳарки хандонад ятими хастаро” баргузор намуд, ки дар кори он, аъзои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Раиси ноҳия Муродзода Муқим, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, директори Корхонаи фаръии Шахтаи “Фон-Яғноб” Сайфуллоев Фирӯзбек, сардори ШВКД ҶТ подполковники милитсия Шодмонзода Шерхон ва дигар фаъолон ширкат намуданд.
Нахуст, раиси ноҳия Муродзода М. аз ташкили чунин чорабинӣ ба КИ ҲХДТ дар ноҳия изҳори сипос намуда, иштирокчиёни аксияро бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ табрику шодбош гуфта, қайд карданд, ки Пешвои миллат дар ҳама баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”. Дар идомаи суханронӣ илова намуданд, ки чорабинии мазкур дар баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон, ҷонибдорӣ аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа нақши муассир дорад.
Ҳамзамон, раиси кумиҷроия, директори КФ Шахтаи “Фон-Яғноб” табрикоти хешро ба иштирокчиёни аксия расонида, аз ҳар яки фаъолон даъват ба амал оварданд, ки чунин ташаббусҳоро сармашқи кори хеш намоянд. Баъд аз суханрониҳо аз ҷониби раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва кумиҷроияи ноҳия ба 19 нафар ятимони кулл туҳфаҳои пулӣ, сару либоси мактабӣ ва дига анвои Наврӯзи тақдим карда шуд.
Қобили зикр аст, ки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ Сайфуллоев Ф., ки аз ҷониби ҲХДТ пешбарӣ гардидаанд, иқдомоти хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, ба оилаҳои ниёзманд, ятимони кулл ва дигар табақаи ҷомеа кӯмакҳои моливу пулӣ намуда, дар некуаҳволии зиндагии халқ саҳми босазо гузошта истодаанд.
Боиси қайд аст, ки нимаи рӯз, 19 нафар ятимони кулл дар маркази ноҳия сарҷамъ омада ба Ҷамоати шаҳраки Зарафшон сафар намуданд. Зимни ташриф ба шаҳрак, ятимони кулл аз Мактаби санъати бачагонаи рақами №2-шаҳраки Зарафшон ба номи Нозимҷон Нозимӣ, мавзеҳои ёдгории таърихии шаҳрак, Муассисаи давлатии таълимии “Литсеи касбӣ- техникии ноҳия, дидан намуданд. Масъулони шаҳраки Зарафшон-1 ва директори литсей оид ба самтҳои фаъолият, дастовардҳои донишҷӯён ва ёдгориҳои таърихии Ҷамоати шаҳрак маълумоти муфассал дода, ятимони куллро бо туҳфаҳои Наврӯзи қадрдонӣ намуданд.
Дар интиҳо, иштирокчиёни аксия-Бобоева Сумая, Мирзоев Эмомалӣ, Норов Облоназар, Сангинова Рухшона изҳори миннатдории хешро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд, ки нисбати мо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, намегузоранд, ки танҳоиро эҳсос намоем. Дар ҷавоби чунин ғамхориҳои судманд талош менамоем, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дар поянда нигоҳ доштани сулҳу Ваҳдат ва ҳамдилии меҳани биҳиштосо – Тоҷикистон саҳми назаррас гузорем.