Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ҶАВОНОНИ 31 СОЛАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ва хоса мардуми шарафманди Ҷумҳурии азизамон неъмати бебаҳову ганҷи беҳамтоест, ки ҳар як ҷавони барӯманди диёр бояд ин неъмати гаронарзишро чун гавҳараки чашм азиз бишморад. Мо насли ҷавони ин меҳан давомдиҳандагони насли гузаштаи аҷдодонамон ба ҳисоб рафта, дар фазои сулҳу Ваҳдат ва якдилии мардуми кишвар ва бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар такомули ободиву осоиштагии кишвари азизамон Тоҷикистон ҷаҳду талош намуда, дирӯз имрӯз ва ояндаи давлати тозаистиқлоламонро ба ҷаҳониён ба арши аъло хоҳем муаррифӣ намуд.

Ҳар як ҷавони барӯманди диёр шукрона аз соҳибистиқлолии ин кишвар бояд кунад, зеро замоне буд, ки ба сари миллати тоҷик рӯзҳои сахту сангини фаромушнашудание омада буд.

Шукронаи Пешвои миллат, ки бо ибтикору ғамхориҳои шабонарӯзии роҳбари давлат дар Ватани азизамон Тоҷикистон сулҳу амонӣ ҳувайдо гашт, ва то ба имрӯз кишвари моро бо роҳбари оқилу донояш ва бо ҷавонони парчамбардораш мардумони руи дунё мешиносанд.

Ҷавонони даврони истиқлолият набояд фаромуш кунанд, ки барои ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб гаштан мардуми Тоҷикистон аз имтиҳони сахту сангине гузашта ва дар ниҳоят роҳ ба сӯи фардои дурахшони кишвар пеш гирифтанд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳбарии Пешвои ғамхору маҳбуби миллат ва бо иштироки бевоситаи фаъолони кишвар ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар фазои сулҳу осоиштагӣ устувор гардида, сулҳу субот,ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ таҳким ёфта, рӯзгори мардуми саодатманди кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар фазои суботи сиёсӣ ва таҳкими арҷгузории халқи тоҷик ҳаммаи соҳаҳои ҳаёти сиёсии кишвар зина ба зина рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, шумораи корхонаҳо заводу фабрикаҳо ва иншоотҳои бузурги хизматрасонӣ зиёд гардида, робитаҳои гуногунҷанбаи дохиливу хориҷии Тоҷикистони азизамон дар ҳоли рушд қарор гирифт.

Мо ҷавонони фаъоли меҳан, ки имрӯз дар соҳаҳои мухталифи кишвар кору фаъолият дорем, бояд намунаи ибрати дигар ҷавонону мардумони кишвар шавем ва аз тамоми ҷавонони кишвар даъват ба амал орем, ки дар замони бархурди тамаддунҳои ҷаҳонӣ ва дигаргуншавии вазъияти иқлиму рӯз аз рӯз дигар гаштани ҷомеаи ҷаҳон зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар фикри ояндаи дурахшони кишвар бошему имрӯзу ояндаи миллатамонро ободу зебо намуда, шоистаи таҳсини дигарон намоем, нисбат ба ояндаи давлату миллат бетараф набошем ва дар ҳамкорӣ бо ҳаммаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат баҳри пойдории сулҳу суботи комил ва таҳкими Истиқлолияти кишвар ҷидду ҷаҳд намоем.

Дар шароити зудтагйирёбандаи замони муосир, масъалаҳои ҳифзи арзишҳои истиқлолият, худшиносии миллӣ, пос доштани мероси ниёгон хеле муҳим арзиш дошта, аз ҳар кадоми мо ҷавонони худогоҳу худшинос фаъолияти пурсамару густурдаро дар пешгирӣ намудани ҷавонони ноогоҳ ба ҳар гуна равияҳои хатарзои замони муосир, созмонҳои ба ном давлати исломӣ, ҷарайёнҳои тундраву тундгаро, даст задан ба корҳои амали коррупсионидошта, одамрабоиву гардиши ғайриқонунии қочоқи маводи мухаддир ва ғайраро аз мардуми кишвар тақозо менамояд.

Масъулияти Ватану Ватандорӣ ба дӯши мо ҷавонони даврони истиқлолият вогузор буда, ин рисолати Ватандориро бо сарфи илму дониши дар амал татбиқ намуда боз ҳам қавитар ва ҷоннок хоҳем сохт.

Барои мо ҷавонон танҳо омӯзиши пайвастаи илмҳои замони муосир, омӯзиши техникиву технология, аз худкунии касбу ҳунар, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва эҳсоси масъулияти баланди Ватандорӣ ба мо имконият медиҳад, ки ба ҳайси мутахассисони баландихтисос дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҳаёту мамоти кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта бошем.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо ҷавонони ватандор муқобили амалҳои террористиву экстремистӣ буда, ин гуна амалҳои даҳшабору хатарҳои ҷомеаи ҷаҳониро қатъиян маҳкум менамоем. Ба дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа низ ин хавфу хатарҳои рузафзунро фаҳмонида, худ ва дигаронро фирефтаи доми ғафлати гурӯҳҳои ифротӣ нахоҳем кард, зеро бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти пешгирии ҷавонон аз ҳамагуна гуруҳҳову равияҳои номатлуби замони муосир масъулияти асосии мо ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Мудири бахши ҷавонони

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ 

А Ҷураев.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *