Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Ҷамъбасти марҳилаи дуюми “Ҷоми ҲХДТ” дар ноҳияи Айнӣ

Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, хоса насли ояндасози меҳан, хизмати басо бузургеро анҷом дода истода, хоса дар рушди соҳаи варзиш ва ҷавонон таваҷӯҳи аввалиндарҷа доранд.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, аз он ҷумла дар ноҳияи Айнӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои ғайрикасбӣ баргузор гардида истодааст. Мақсад аз баргузории мусобиқа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, мустақкам намудани алоқаи дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” ва “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” ҳамчунин ҷиҳати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” мебошад.

Боиси қайд аст, ки дар доираи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳияи Айнӣ, даври марҳилаи интихобии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” аз санаи 29.07.2021 шурӯъ гардида, то имрӯз дастаҳои ғайрикасбии ноҳия бо ҳам қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа 8 – даста ғолиб, аз он ҷумла, дастаи футболбозони “Ваҳдат”-и Ҷамоати деҳоти Шамтуч бо дастаи футболбозони “Созанда”-и Ҷамоати деҳоти Рарз, дастаи “Истиқлол”-и Ҷамоати деҳоти Фондарё бо дастаи “Сулҳофар”-и Ҷамоати деҳоти Анзоб, дастаи футболбозонӣ “Айнӣ”-и Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо дастаи “Зарафшон”-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон, дастаи “Хирадманд”-и Ҷамоати деҳоти Урметан бо дастаи “Дониш”-и Ҷамоати деҳоти Дар-Дар бо ҳам вохӯрӣ намуданд, ки дар натиҷа дастаи футболбозони “Айнӣ”, “Дониш”, “Ваҳдат”, “Истиқлол” ба марҳилаи дигар роҳхат гирифтанд.

Дар марҳилаи дуюми мусобиқот, 4-дастаи ғолиб бо ҳам вориди рақобат шуданд, ки дар натиҷа дастаи футболбозони “Айнӣ” ва дастаи футболбозони “Ваҳдат” ба даврӣ ниҳоӣ, дастаи “Дониш” бо дастаи “Истиқлол” барои дарёфти ҷойи сеюми мусобиқот роҳ ёфтанд.

Тибқи Низомномаи футболи хурд, марҳилаи дуюми мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар ноҳия, имрӯз байни дастаҳои ғолиб доир гардид, ки дар натиҷа дастаи “Дониш”-и Ҷамоати деҳоти Дар –Дар ҷои сеюм, дастаи “Айнӣ”-и Ҷамоати деҳоти Айнӣ ҷойи дуюм, дастаи “Ваҳдат”- и Ҷамоати деҳоти Шамтуч сазовори ҷои якум гардида, ҳамзамон Атозода Туйчибой “Мурабии беҳтарин” ва Додоҷонов Хуршед бозингари рақами 11-и дастаи “Ваҳдат” “Бозингари беҳтарин” ҳисобида шуданд. Дар ҷараёни ҳавасмандкунии ғолибон, Раиси ноҳия Муродзода Муқим, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода, намояндагони ташкилоту муассиҳо, ҷамоатҳо ва дигар фаъолон ширкат варзиданд. Раиси кумиҷроя дар ибтидо атрофи мусобиқа ва Низомномаи он ҳарф зада, суханро ба раиси ноҳия доданд.

Раиси ноҳия М.Муродзода кулли ҷавонон ва иштирокчиёни мусобиқаро бахшида ба фарорасии 30-солагии Истиқлолият табрику шодбош гуфта, қайд намуданд, ки “Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд. Итминони комил дорем, ки Шумо ҷавонони саодатманди ноҳия худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоед ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона хоҳед сохт.

Баъд аз суханронӣ, раиси ноҳия ва раиси кумиҷроия дастаҳои футболбозони ҷои сеюм ва дуюмро бо Диплом, медал, туҳфаҳо қадрдонӣ намуда, дастаи футболбозони “Ваҳадат”-ро, ки сазовори ҷои якум гардиданд, дар фазои идона ва бо шодиву нишоти ҳаводорони риштаи варзишӣ футболи хурд – Кубок, медал ва туҳфаҳояшонро тақдим намуда, барои ба даври сеюми мусобиқот роҳхат ётанашон, муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо барору комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *