Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: ХИЗМАТ БА ВАТАН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қайд карданд, ки “Қувваҳои Мусаллаҳи мо, яъне фарзандони ҷасуру далери мардуми тоҷик дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ на як бору ду бор вазифаҳои хизматӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи тоҷик ҷавонмардонаву сарбаландона иҷро кардаанд”. Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар – Ватанро баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад! Танҳо чунин муносибат, яъне садоқати ҳар яки мо ба Ватан ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад.

       Зимни мутолиаи матлабе дарёфтам, ки Ватандӯстӣ нангу номус аст, касеро маҷбуран ватандӯст кардан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури ҷавонон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагист. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул бояд шуд. Дар ин масири мушкилу абадӣ давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангии худро ба ин ҷода сафарбар намояд.  Чунин ғояро ҳанӯз си сол пеш ҷавонмарди ҷасур, далери Ватан, Пешвои Тоҷикон дар сафи пеш истода,  аз баҳри ҷони хеш гузашта, чунин ғояро пешаи худ намуданд. Дар вазъиятҳои ҳасос, ки кишвар ягон вазорату идора ва иншоот надошт, Сарвари миллат бо ҷалби мардони шуҷо дар хаймае Артиши миллиро таъсис доданд. Хушбахтона марҳила ба марҳила бо дастгирии ин марди Ватан Артиши миллӣ ба пешравиҳои бемисл ноил гардид. Соҳиби бинову аскару афсару техникаҳои пуриқтидори ҳарбӣ гардид.

       Қобили зикри хос аст, ки фаъолияту дастовардҳои Артиши мамлакатро дар тӯли 30 соли таъсисаш метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат баҳри ҳифзу дифои ҳар ваҷаб замину ҳар зарраи хоки диёр номид. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст.Чунин ақидаҳоро наворҳои кутоҳи “Сипаҳсолор”-и сухангӯи Сарвари кишвар татбиқ менамояд.  Ташаббусҳои Сарвари миллат моро ба андеша кардан водор месозад, ки як мард барои бунёди Артиш чӣ қадар ҷоннисориҳо кард, ки имрӯз мо халқи Тоҷик дар фазои сулҳ, озодӣ зиндагӣ менамоем. Бузургон мефармоянд, ки ба қадри заҳамоти мардони асили Ватан бояд расид ва аз он мактаби мардонагӣ баҳра бурда, дар ояндаи давлатдорӣ мавриди амал қарор дод. Имрӯз хурду калон дар назди аҳли оила бо осудагӣ нишаста, табли шодӣ мезанем. Вале боре ба худ савол намедиҳем, ки ин шодиҳо аз чӣ сар мезанад.

       Хизмати шабонарӯзии афсарону сарбозонро пешаи назар намеорем, ки аз лаззати зиндагӣ дур монда, шабонарӯзи сарҳади моро ҳифз менамоянд.  Ҳифзи Ватан вазифаи ҳамаи мост. Вале бархе аз волидайн фарзандони худро намегузоранд, ки ба хизмати Ватан-Модар раванд. Агар мо фарзандонамонро нагузорем, ки адои хизмат кунанд фардо кӣ марзу буми моро ҳимоя мекунад, чигуна дар иҳодаи аҳли оила шодиву нишот  менамоем?..  Бояд бидонем, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Дар асоси  моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”.

      Аз ин лиҳоз итминони комил дорем, ки аз таърихи таъсисёбии Артиши миллии кишвар огаҳии хуб пайдо карда, барои баланд бардоштани нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар саҳмгузорӣ намоем. Дар замири фарзандон ҳисси Ватандорӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои миллиро ҷой диҳем то ки дар оянда обу хоки замини диёри хешро соҳибӣ карда тавонанд. 30 солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  ва то ин дам дар фазои Истиқлолият умр ба сар бурданамон нишонаи Ватандории роҳбари давлату афсарону сарбозон аст.

Мудири шуъбаи  таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ
Солеҳбой ҚОБИЛОВ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *