Рубрики
Асосӣ

АКСИЯИ «АЛБОМ-ЭСТАФЕТА»: 30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ» БА ДЕВАШТИЧИ ЗЕБОМАНЗАР РАСИД

Субҳи 20 сентябри соли равон  дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштич Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Зуфар Исмоилзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич якҷо бо фаъолону ҷонибдорони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ албом – эстафетаи “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”-ро аз раиси ноҳияи Зафаробод ва намояндагони ҳизбии ин ноҳия қабул намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихию беназири Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина дар замири насли имрӯзу фардои миллат бедор намудани эҳсоси баланди худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, огоҳ будан аз таърихи навини давлатдории миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аксияи Албом-эстафета таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”  ташкил ва роҳандозӣ шуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар ҳамаи 68 шаҳру навоҳии кишвар бо баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатию варзишӣ тибқи нақша ба роҳ монда шуда, дар остонаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз дар Қасри Арбоб ҷамъбаст ва албоми он ба осорхонаи он тақдим карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *